Тоҷикистон- мазҳари ман!


Тоҷикистон- мазҳари ман!

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба баланд бардоштани худшиносии миллии насли ҷавон, садоқат ба Ватану сарзамин, арҷ гузоштани арзишҳои миллӣ ва шинохти шахсиятҳои бузурги таърихиямон пайваста сухан мегӯянд. Дар Паёми имсола Президенти мамлакат чунин таъкид карданд: «Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд ».

Таърих хотираи инсоният буда, ҳељ фард бе омӯзиши таърихи кишвари хеш аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад. Тоҷикон дар таърихи тамаддуни дунё мавқеи хоса доранд. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

Бо шиносоӣ ба таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.

Ба бахти миллати мо дар ҷараёни омезиши иҷбории халқҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ тоҷикон тавонистанд ҳувияти миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии худро ҳифз кунанд. Агарчи аз ин гирудор  миллат беосеб берун наомадааст, вале тавонистанд, чун дар замони ҳуҷуми араб, ҳастии таърихӣ ва фарҳангии худро ҳифз кунанд.

Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад ва вазифаи асосии ҳар яки мо -содиқона хизмат кардан ба ватани азизамон Тоҷикистон ва содиқона дӯст доштани он  аст.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд:- "Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад".

З. Турсунова - мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


11.08.2021 312

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php