Олимон дар геноми коронавирус осебпазириро пайдо карданд
Як гурӯҳи олимони Донишгоҳи ба номи Гётеи шаҳри Франкфурт ба хулосае омаданд, ки дар геноми SARS-CoV-2, қисматҳое вуҷуд доранд, ки ба мутатсия дучор намешаванд ва метавонад ҳадафи доруҳои зидди вирусӣ гарданд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи Angewandte Chemie интишор шудаанд.
Тавре ки муаллифони таҳқиқот шарҳ додаанд, ҷустуҷӯи моддаҳои фаъол бар зидди коронавирус ҳоло асосан ба бастани сафедаҳои вирусӣ асос ёфтаанд, ки метавонанд репликация (нусхабардрӣ)-ро боздоранд ва ё суст кунанд. Аммо, ҳадафи молекулаи дарозтари РНК -и вирус низ ҳамин гуна таъсирро дорад. Дар асоси ин, муҳаққиқон геномҳои коронавирусро бо истифода аз спектроскопияи резонанси магнитии ҳастаӣ (NMR) таҳлил карда, 15 сегменти кӯтоҳи геноми SARS-CoV-2-ро пайдо карданд, ки дар коронавирусҳои гуногун хеле шабеҳанд ва вазифаҳои муҳимми танзимкунанда доранд. Ҳамчунин маълум шуд, ки ин порчаҳо хеле кам ба мутатсия дучор мешаванд - онҳо дар давоми соли 2020 қариб тағйир наёфтаанд.
Олимон ҳангоми таҳлили зарраҳое, ки бо РНК ҳамкорӣ мекунанд, 69 молекулаи хурдро ёфтанд, ки аз 15 сегменти муайяншуда бо 13тоаш пайваст мешаванд. Ҳамзамон, 3-тои он танҳо бо яке аз ин қисмҳо пайваст мешаванд.
Тавре ки профессор Харалд Швалбе гуфтааст, хусусан бо назардошти шумораи зиёди мутатсияҳои коронавирус фрагментҳои ба ном консервативии РНК метавонанд ҳадафи асосии таҳияи доруҳои нав шаванд. Ба гуфтаи ӯ, олимон аллакай ба ҷустуҷӯи доруҳое шурӯъ кардаанд, ки метавонанд таҷдиди SARS-CoV-2-ро боздоранд.
RG.RU
Тарҷумаи Муҳидинова М.