Проценко эҳтимоли аз ваксина ба COVID-19 сироят ёфтанро рад кард
Ба андешаи сардухтури беморхонаи 40-уми шаҳри Маскав Денис Проценко овозаҳое, ки гӯё ваксина метавонад боиси сироят ёфтан бо коронавирус гардад, "тахмини шахсоне мебошад, ки зидди эмкунии оммавӣ" ҳастанд.
"Бо тамоми мантиқи муқаррарии инсонӣ ман фаҳмида наметавонам, ки чӣ тавр шумо метавонед бо як пораи ваксина сироят ёбед",- аз духтур иқтибос меорад РБК (расонаи русии хабарӣ).
Проценко қайд кард, ки бо гузашти 14 рӯз пас аз ворид кардани ҷузъи дуюми ваксина, шахс пурра эмкардашуда ҳисоб меравад. Аммо, одатан, одамон пас аз ваксинаи аввал "истироҳат мекунанд" ва чораҳои мубориза бо коронавирусро риоя намекунанд, гарчанд масуният ҳанӯз ташаккул наёфтааст.
Қаблан Проценко дар бораи хатари гирифторӣ ба коронавирус пас аз ҷорӣ кардани ҷузъи аввали ваксина гуфта буд. Ӯ изҳор дошт, ки иммунитет дар давоми ду ҳафта пас аз гирифтани ваксинаи аввал ташаккул меёбад ва "мо пас аз ин наметавонем беморро эмкардашуда ҳисоб кунем." Ҳамзамон, 90% бемороне, ки ба беморхона бистарӣ шудаанд, танҳо бо ҷузъи аввал эм карда шуда буданд.
RG.Ru
Тарҷумаи Муҳидинова М.