Саломатӣ ва арзишҳои он


Саломатӣ ва арзишҳои он

Ҳадафи аслии ҳар як кишвар таъмини сатҳи  болои зиндагӣ ба шаҳрванд, бунёди  ҷомеаи солим дар рушди ботадриҷи он аст.

Саломатӣ чун арзиши мондагори ҷаҳонӣ, миёни бартариҳои вуҷуддошта дар рушди ҷомеа, муҳим арзёбӣ мешавад. Мафҳуми саломатӣ, дар асри 21, аз нуқтаи назари мавҷудияти таҳдиду чолиш, афзоиши ниёз ба дастрасӣ ва сифати хадамоти беҳдоштӣ, имконоти таъмини фанниву маблағгузории он, чун ҳаққи комили ҳар як фард маънидод мешавад.

Системаи тандурустӣ, ба сифати масъули ҳифз ва тақвияти саломатӣ дар ҷомеаи кунунӣ бо проблемаҳои гуногуне, чун рушди босуръати аҳолӣ, афзоиши қиммати хизматрасонии тиббӣ ру дар рӯст. Давлат кӯшиш мекунад, ки аз таҳдиди баланд шудани арзиши хидматрасонӣ ба базаи муҳими соҳаи тандурустӣ, монанди ҳуқуқи инсон ба саломатӣ ва кӯмаки тиббӣ, дастрасии умум ба хизматрасонии тиббӣ, усулҳои ҳамбастагӣ ва адолати иҷтимоӣ, баробарии дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, сатҳи баланди хадамоти беҳдоштӣ, ҳакқи ширкат дар қабули қарорҳо ва арзиши инсон, ҷилавгирӣ намояд.

Саломатии инсон ҳамеша чун авлавияти миллӣ унвон мешавад. Ҳифз ва тақвияти он ба зиммаи ҳукумат аст. Бузургон дар васфи саломатӣ ва ҳифзи он гуфтаанд:           

Саломатӣ –ҳама чиз нест, аммо ҳама чиз бе саломати ҳеҷ аст 

(СУҚРОТ).

Ҳаёт ва саломатӣ- боарзиштарин  чизе, ки мо дорем

(ПАН ГИ МУН).

Ягона зебоие, ки ман медонам- саломатист

(ГЕНРИХ ГЕЙН).

Саломатӣ- аз тамоми дигар хубиҳои зиндагӣ болотар аст, ба ҳадде       ки гадои солим хушбахттар аз шоҳи мариз аст.    

Саломатӣ чун ҷанбаи муҳими бехатарии инсон маънидод мешавад, ки дар рушду пойдории инсон нақши босазо дорад. Ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, саломатӣ-на танҳо набудани дарду нуқси ҷисмӣ, балки як ҳолати комили ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоист. Дастёбӣ ба болотарин сатҳи саломатӣ, ҳаққи ҳар як инсон, новобаста аз сатҳ, ақидаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ӯст. Он чун як арзиши ҷаҳонӣ, бо зинаҳои дигари бартариҳои  ҷомеа, чун  саодату хушбахтӣ баробар гузошта мешавад.

Саломатӣ аз якчанд омилҳо ташкил шуда, дар муқобили дигар омилҳои ҷаҳонӣ, чун ҷаҳонишавӣ, бозоришавӣ, тағйирот дар сохтори ҷамъиятӣ, нобаробариҳои моддӣ, рушди муҳоҷират, шаҳрсозӣ, авҷи навовариҳои фаннӣ, олудашавии муҳити атроф ва тағйироти иқлим коҳиш меёбад. Ин раванд ба саломативу адолати иҷтимоӣ  ва механизмҳои бархурд ба проблемаҳои тандурустӣ бетаъсир намемонад.

Дастрасӣ ба пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳе дар беҳбуди саломатии ҷамъиятӣ, монанди коркард ва эҷоди технологияи муосир ва барқарор намудани саломатӣ, роҳҳои пешгирӣ, кашфи доруҳои нав, баланд бардоштани савияи ихтисоси кормандони тиб, пирӯзӣ бар бемориҳое, ки қаблан табобатнашаванда буданд ва афзоиши дарозумрӣ, аз роҳҳои инкорнашаванда мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳазораи саввум авомили дигаре, монанди пиршавии аҳолӣ, хуруҷи бемориҳои сироятӣ,омилҳои хатарзо, норасоии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, муҳоҷирати онҳо, афзоиши қиммати хадамоти тиббӣ, буҳрони иқтисодӣ, афзудани ниёзи мардум ба дастрасии тиббӣ ва сифати хадамот, хатари техникаҳои ҳолати табиӣ, иқтисодиву иҷтимоидошта  ба саломатии инсон  таҳдид менамояд.

Ҳамин тавр, саломатӣ аз арзишҳои муҳими ҷаҳонӣ ва аз ҳуқуқҳои инсон аст. Ҳамзамон бояд донист, ки буҳрони иқтисодиву молӣ ҳамеша чун омили хатарзо ба саломатии инсон боқӣ мемонад. Ҳоло ҳифзи саломатии шахс бо чораҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва тиббӣ таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, андешидани чораҳои солимгардонӣ ва пешгирии касалиҳо, дар истеҳсолот ва ҳаёти шахсӣ ташкил кардани шароити зарурии беҳдошти тиббӣ, андешидани чораҳо оид ба солимгардонии муҳити атроф, аз рӯи нақша инкишоф додани муассисаҳои тиббӣ ва кафолатҳои саноати тиббӣ, муайян кардани доруҳои бепул тақсимшаванда ва ғайра.    

Турсунова З. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа     



06.08.2021 1193

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php