Эмкунӣ метавонад аз синдроми баъдиковидӣ муҳофизат кунад


Эмкунӣ метавонад аз синдроми баъдиковидӣ муҳофизат кунад

Ваксинаи зидди коронавирус дар сурате, ки инсон сироят меёбад, ӯро аз синдроми баъдиковидӣ муҳофизат менамояд. Инро далелҳои илмӣ исбот кардаанд, гуфт табиби бемориҳои сироятӣ Евгений Тимаков.

Ба гуфтаи ӯ, таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки эмгузаронидашудагон дар марказҳои офиятбахшӣ нестанд. "Яъне, ваксина, тибқи маълумоти пешакии илмӣ, аз синдроми баъдиковидӣ наҷот медиҳад", - иқтибос меорад РИА Новости аз Тимаков.

Қаблан Александр Горелов, муовини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи марказии тадқиқотии эпидемиология, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, гуфта буд, тағйироте, ки дар коронавирус ҳангоми сирояти одамон рух медиҳад, метавонад боиси пайдоиши штаммҳои боз ҳам шадидтар гардад. Танҳо эмкунии оммавии аҳолӣ чунин пасомадҳои манфиро пешгирӣ менамояд. Бар зидди коронавирус новобаста аз марҳилаи ҷараёни эпидемия эм гузаронидан лозим аст, таъкид кард Горелов.

RG.Ru

Тарҷумаи Муҳидинова М.


06.08.2021 173

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php