Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имондорист
Инсон бидуни садоқат ба Ватан дохили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро аҳли маърифат бо меҳри модар дар як саф гузоштаанд. Агар модар инсонро ба олам оварда, тарбия кунад ва ба муҳиту оила ҷалб намояд, Ватан рӯҳия ва камолоти инсонро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро бар он зам менамояд.
Ҳар инсон, хусусан ҷавонон бояд барои дӯст доштани Ватан корҳои неку аъмоли баҳри ҷомеа манфиатбахшро анҷом диҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге ҳам дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини поки Ислом чунин аст: «Дӯст доштани Ватан аз имон аст».
Инсони некбахт натанҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашм ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан миҷа таҳ накарда, хидмат мекунад».
Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро дӯст медорад, онҳоро аз ҳам ҷудо намесозад. Барҳақ, ватанпарвару миллатдӯсти асил касе буда метавонад, ки:
- дар ҳама ҷо ва ҳамеша эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дорад. Яъне, эҳтиром ба забон, фарҳанг, Нишон, Суруди миллӣ, Парчами Ватан;
- ба арзишҳои маънавии миллат арҷ мегузорад;..
- ба гузаштаи пурифтихори хеш такя карда, аз панду андарзи ниёгон сабақ мегирад;
- ватанхоҳӣ мояи зиндагиаш буда, дар ҳар кунҷу канори даҳр сано бар миллату ватани хеш мегӯянд;…
- истиқлолияти Ватанро бузургтарин дастоварди зиндагии хеш шумурда, барои пойдорӣ ва мустаҳкамии истиқлоли Ватан хизмати содиқонаро пеша мекунад;
- дар тарбияи ватандӯстӣ саҳм гузошта, ҷавононро дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ташвиқу раҳнамунӣ мекунад;
- нисбати тақдиру сарнавишти миллату ватани хеш бетафовут набуда, барои нуфузи бештари миллати сарбаландаш сарбаландона кор мекунад;
- барояш дастоварди Ватан дастоварди худ аст ва агар «хоре аз ватан хазон гардад» баҳраш чораи даво меҷуяд…
- саодати ҳамватанаш-саодати ӯст, баҳри обрӯву эътибори ТОҶИК, ки ҳамватану ҳаммиллаташ аст, камари хешро сахттар мебандад;..
- бузургтар аз Ватан дар дунё чизи дигаре надорад ва Тоҷикистонро азизу ягона медонад (Тоҷик ҳама ҷо, Тоҷикистон якто!!)…
Барои он ки давлатамон қудратманду пешрафта ва зиндагии мардумамон беҳтар бигардад, бибояд аввалтар аз ҳама ватандӯст бошем, ҳама кунҷу канори Тоҷикистон баробар бароямон азизу муқаддас бошад, ба қадри забонамон бирасем ва дар ҳама ҷо ҷойгоҳашро болотар аз ҳама интихоб бикунем, агар аскарему афсар тайёрии хуби касбӣ ва омодагии баланди ҷангӣ дошта бошему ба фармони Ватан тайёр… Духтурем; саломатии фарзандони ин диёрро дар мадди аввал гузорем, муҳандисем аз ихтироъ фаромӯш насозем, рӯзноманигори воқеием ҳар навиштаи мо «пур аз Ватан» бошад, яъне ҳар кадоми мо дар ҷодаи хеш содиқона хизмат бикунем. Агар амаламон ҳаррӯза ин гуна бошад-ба нафъи Ватан-ватандӯсти асилем ва Тоҷикистонамон ҳам гул-гул мешукуфад!!..
Ватандӯстони асил дар Ватани мо садҳазорҳо ва шояд миллионҳо бошанд, вале аз рӯи виҷдон ва ҳақиқат пешоҳангони ин раванди муҳим ва тақдирсоз дар садаҳои охир ва навини мо фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони барҳаки Тоҷикистон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур мебошанд, ки кору пайкори онҳо барои бақоми миллат ва давлати тоҷикон бориз буда, исмашон дар саҳафоти рангини миллат бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Метавон ин афродро ватандӯстони асил биҳисобид ва ватандӯстиву муҳаббат ба Ватанро аз онҳо омӯхт…Президенти мамлакат, фарзанди арзандаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрӣ ва суханрониашон дар ҳар куҷое аз ин Ватани маҳбуб -Тоҷикистон қарор надошта бошанд, бо самимияти беҳамто аз дӯстдории Ватан сухан карда, моро ба худшиносӣ, ифтихор аз ин Ватан ва садоқат ба он ҳидоят мекунанд. Аз ин андешаҳои садоқатмандона рӯшан ҳувайдо мегардад, ки Сарвари давлати мо то чи андоза Ватану миллаташро дӯст медоштааст. Ҳамду сано ба чунин фарзанди арзандаи миллат, Президенти кишвари соҳибистиқлоли мо - Тоҷикистони озоду обод!!!
Аминем, ки миллати мо дар садаи навин фарзандони фарзонаи рӯшанзамирро ба олам тавлид ва ба камол мерасонанд ва онҳо кору пайкори падарону гузаштагони сарбаланди хешро идома дода, давлати моро боз ҳам пуриқтидортар мекунанд. Моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез нагардем.
Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ аз дини Ислом сӯиистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ кайҳо мушоҳида намудаем. Дар асл ҳам иғвоангезон ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ созанд, аммо бадхоҳу душман ҳаргиз ба мақсад нарасидаасту оқибат бадном гардидааст.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона, чӣ дар сарҳад мебошад. Фарзандони худро бояд дар ҳамин рӯҳия, дар арҷ гузоштан ба ҳуввияти Ватан тарбия намоем. Садоқати баланди ватандӯстиро дар ниҳоди онҳо бипарварем.
Зуҳра Турсунова - шуъбаи иттилот ва робита бо ҷомеа