ТОҶИКИСТОН-ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ!
Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои зиддибашарӣ хислати ҷаҳонӣ гирифта, торафт шаклҳои гуногун касб мекунанд. Дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва афзоиши муташаккили таҳдидҳои фаромарзӣ осебпазирии ҷомеаҳо эҳсос мешавад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, ба монанди боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва ифротгароӣ ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Чунин зуҳуроти номатлуби аср, яъне, терроризму ифторгароӣ метавонад ба сарнавишти ҳар миллате дар сайёра хатарҳои воқеиро дар ҳар шакл бештар созад. Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дар ҷисму ҷони худ паёмади ин хатарҳоро эҳсос намуда буд. Дар масъалаи мубориза бо терроризм ва дигар хатарҳои ба он вобаста дар ҷомеаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи шоиста ва нақши фаъол дорад. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон мавқеи хешро мушахасс сохта, пешниҳодҳои худро аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ вобаста ба ин масъала то имрӯз ироа мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 19-уми сентябри соли 2017, аз ин минбари баланд аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд изҳори нигаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд. Аз таъкидҳои Сарвари давлати мо бармеояд, ки воқеан имрӯз сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Кишварҳои олам ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ ба нақши Тоҷикистон дар мубориза ба хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баҳои баланд додаанд. Ҳамин аст, ки дар пойтахти мамлакати мо-шаҳри Душанбе пайваста чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба тадбирҳои пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва роҳҳои ҳалли раҳоӣ аз чунин мушкилот бо иштироки давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва доираи васеи коршиносону сиёсатмадорон баргузор мегарданд. Аз ҷумла моҳи майи соли 2018 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва 17-уми майи соли 2019 Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор гардида, Эъломияи Душанбе қабул шуд.
Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм вобаста ба таҷрибаи таърихӣ ва мавқеи ҷуғрофиаш бо кишвари ноороми Афғонистон, нақши муҳим дорад. Зеро доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Кишвари мо дар баробари ҳамкорӣ бо ҳукумати Афғонистон, ҳамчунин, барои паст намудани шиддати даҳшатафканию ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир дар қаламрави ин ҳамсоядавлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои зиёде намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба авзои кунунии Афғонистон борҳо ибрози андеша намуда, аз ҷумла изҳор доштаанд, ки "Тоҷикистон ҷонибдори вусъати муносиботи дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ бо Афғонистон аст ва аз ҷомеаи байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорад, ки кӯшишҳои Ҳукумати ин кишварро дастгирӣ карда, ба сулҳу низом дар ин мамлакат, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, идомаи раванди мусолиҳаи миллӣ ва музокирот, инчунин, ба ҷалби Афғонистон ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намояд".
Моҳияти сиёсати хориҷии мо-ин ба роҳ мондани ҳамкориҳо, ҳамдигарфаҳмӣ, муколама ва бунёди эътимоди мутақобил бо кишварҳои минтақа ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҷиҳати мубориза бо хатарҳои терроризм, ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир ҷумҳурии мо ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои минтақавию байналхалқӣ, ҳамкориҳои дуҷонибаю чандҷонибаро бо кишварҳои алоҳида тақвият мебахшад.
Боиси зикр аст, ки кишвари мо дар ташкили маркази зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай низ саҳми калон дорад. Ҳамчунин, нақши Тоҷикистон дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ИДМ ҷиҳати мубориза бо терроризм хеле муассир аст. Дар ин раванд Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳияву амалӣ шуд. Стратегия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавии миллӣ баҳри тақвияти муқовимат бо экстремизм ва терроризм заминаи ҳуқуқӣ гузошта, дар доираи он аксари масоил бо назардошти вазъи муқовимат бо ин зуҳурот пешбинӣ гардидааст. Ташкили воҳидҳои низомии махсуси зиддитеррористӣ ва баргузории машқҳои муштараки низомӣ аз чораҳои дигари Тоҷикистон дар роҳи пешгирӣ ва мубориза ба муқобилӣ хатарҳои муосир аст. Авзои пуртаззоди ҷаҳон, талошҳои қудратхоҳӣ, бозиҳои геополтикӣ ва дахолати ошкорои баъзе мамлакатҳои абарқудрат ба масоили дохилии давлатҳои дигар, ки дар аксар маврид омили ангезиши амалҳои террористӣ мегардад, исбот сохт, ки ин падидаи шум воситае барои расидан ба мақсадҳои бузург низ ҳаст. Ҳамин аст, ки на ҳамаи кишварҳо ва эътилофҳои зиддитеррористӣ дар мубориза бар зидди он мавқеъгириҳои бетарафона доранд. Умуман сиёсатҳои барғалат ва зиддиинсонӣ бар зарари ҳар гуна мубориза бо терроризм буда, бознигарии воқеъбинонаро дар стратегияи мубориза зидди ин вабои аср аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тақозо менамояд.
Масъалаи дигаре, ки роҳбари давлати Тоҷикистон борҳо сиёсатмадорони ҷаҳониро огоҳ сохтааст, ин бо истифода аз дини ислом ба амал баровардани амалҳои даҳшатбори террористӣ дар гушаҳои гуногуни олам мебошад. Ҳанӯз 7-уми декабри соли 2005 дар иҷлосияи фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Арабистони Саудӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сиёсати ба дини ислом умумият додан ва ё ба он марбут донистани терроризм, экстремизм ва хушунату зӯровариро сахт маҳкум намуда, иброз дошта буданд, ки “террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин амалҳои нораво мо бояд бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд”.
Тазодҳои фарҳангӣ дар шароити муосир метавонанд, яке аз омилҳои авҷи терроризм бошанд. Дар муқобили ҷаҳолату харобкорӣ тақвият додани фарҳангҳои гуногун усули муассири ҳамгироӣ ва пешрафт ба ҳисоб меравад. Кишвари мо муколамаи фарҳангҳоро дар ин замина муҳим мешуморад. Бинобар ин эҳтироми анъанаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динии халқҳо барои ҳамзистии комили наслҳои имрӯзаю оянда бояд асоси маънавии тамоми муколамаҳо гардад. Ҳадафи ин ҳамкорӣ муҳайё сохтани шароит барои сулҳи ҷаҳонӣ, шукуфоӣ, ободӣ, барҳам додани мушкилоти мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, моҷароҷӯӣ, зӯроварӣ, нафрат ва таҳаммулнопазирӣ мебошад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ, дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм ҳамчун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшро дастгирӣ мекунанд. Дар партави мавқеи созанда ва ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб, ҳар сокини кишварро месазад, ки тамоюлҳои геополитикии ҷаҳони имрӯза - экстремизм, терроризм ё худ омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлоли давлатиро дарк кунанд. Барои таҳкими заминаҳои рушди давлати миллӣ фаъолияти худро дар ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди мо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.
Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,
д.и.т., профессор