Фаъолияти муолиҷавӣ дар кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоӣ
Дар 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ, алалхусус соҳаи саратоншиносӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардидааст. Баланд бардоштани касбияти мутахассисон, таъмин намудани пойгоҳи муосири техникии кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоии МДТ «ДДТТ ба номи Абȳалӣ ибни Сино» ва МД «МҶИС» аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, ки аз тарафи ВТва ҲИА ҶТ ва роҳбарияти донишгоҳ пайваста дастгирӣ меёбад. Қаблан ҷарроҳиҳои мураккаб берун аз ҷумҳурӣ гузаронида мешуд, айни замон, ин гуна ҷарроҳиҳои мураккаб дар кишвари соҳибистиқлол гузаронида мешавад.
Тибқи шартномаи ҳамкорӣ байни МД «МҶИС» ва МДТ «ДДТТ ба номи Абȳалӣ ибни Сино» бештар аз 50 фоизи амалиётҳои гуногун дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратон аз ҷониби кормандони кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоӣ ба сомон расонида шуда, аз ҷониби кормандони кафедра амалиётҳои гуногун пешниҳод ва дар амалия татбиқ мегарданд.
Бемор Э.Б.,35 сола, пас аз муоина ва ташхисҳои мутахассисон дар санаи 05.05.с.2021 бо ташхиси саркомаи ҳиссаи рости ҷигар аз тарафи мудири кафедра (д.и.т. Юлдошев Р.З.) ва кормандони кафедра амалиёти ҷарроҳии гемигепатэктомия аз рост гузаронида шуд, ки давомнокии он 7 соат буда, миқдори хунхориҷшавӣ тақрибан-300 мл.-ро ташкил кард. Макропрепарат-ҳаҷми омос – 20х18см буд.
Барои ташхисидақик интизори натиҷаи ташхиси морфологӣ.
1.Лапаротомия ва ревизияи омоси ҷигар
2.Усули Прингела
3.Резексияи ҳиссаи рости ҷигар
4. Ҳолати пас аз гемигепатэктомия аз рост.
Макропрепарат
Кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоӣ