Тӯҳфаи арзишманд
Яке аз самтҳои фаъолияти Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ ин таҳияи луғатҳои соҳавӣ ба шумор меравад, ки дар ҳамбастагӣ бо кафедраҳои донишгоҳ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Бояд зикр кард, ки таҳти таҳрири кормандони Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ китоби тозанашри “Фарҳанги тафсирии русӣ-тоҷикии истилоҳоти саратоншиносӣ” (дар ҳаҷми 232 саҳифа, иборат аз 3500 калимаву ибора) мурраттибон Зикириёхоҷаев Д. З., Сайфуддинова М. Б., Юлдошев Р. З. соли 2021 баъд аз тасдиқи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чопхонаи ҶДММ «Бебок» дар ҳаҷми 100 нусха аз чоп баромад. Фарҳанги мазкур барои аспирантон, докторантон, донишҷӯён ва дигар истифодабарандагони соҳаи тиб тӯҳфаи арзишманд ва дар роҳи танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти тиббӣ, бахусус истилоҳоти саратоншиносӣ қадами нахустин ва судманд мебошад.
Амиршоева М. А.