Анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотии бахши фармакологияи эксперименталӣ оид ба “Омӯзиши хусусиятҳои захмшифоии маводи тадқиқотшавандаи липовитол ва карвиол”
Дар ҳафтаи сипаришуда дар бахши фармакалогияи эксперименталии ОМИТ корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат оид ба “Омӯзиши хусусиятҳои захмшифоии маводи тадқиқотшавандаи липовитол ва карвиол” таҳти роҳбарии проф. Азонов Ҷ.А. ва мутасаддӣ Бораҷабова Н.Б. дар ҳайвоноти озмоишӣ (30-адад калламушҳои сафед) ба анҷом расид. Дар муддати 1-моҳи тадқиқот ба захми калламушҳои озмоишӣ маводи тадқиқотшаванда молида шуда, таъсири он омӯхта шуд.
Барои натиҷагирӣ таҳлилҳои биохимиявии хун ва маводҳои морфологӣ гирифта шуданд. Аз натиҷаҳои бадастомада таъсири муcбат ва манфии маводи тадқиқшаванда омӯхта мешавад.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ