Анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотии бахши фармакологияи эксперименталӣ оид ба “Таҳқиқоти хосиятҳои физикӣ ва биологии пайвастагиҳои комплесии нуқра бо метронидазол”
Дар ҳафтаи сипаришуда дар ҳамкори бо кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ бо бахши фармакалогияи эксперименталии ОМИТ қисмати корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат оид ба “Таҳқиқоти хосиятҳои физикӣ ва биологии пайвастагиҳои комплесии нуқра бо метронидазол” таҳти роҳбарии проф. Раҷабов У.Р. ва мутасаддӣ Вайдуллоева М.Ш. дар ҳайвоноти озмоишӣ (калламушҳои сафед 40-адад) ба анҷом расид. Дар муддати 1-моҳи тадқиқот ба воситаи зонд ба меъдаи хайвоноти озмоишӣ маводи тадқиқотшаванда ворид карда шуда, таъсири он омӯхта шуд.
Барои натиҷагирӣ таҳлилҳои биохимиявии хун (сафедаи умумӣ, албумин, билрубин, холестерин, триглитцерит, ЛПВП, ЛПНП, глюкоза, АЛТ, АСТ, СРБ, сиаловая кислота) гирифта шуданд. Аз натиҷаҳои ба дастомада таъсири муcбат ва манфии маводи тадқиқшаванда омӯхта мешавад.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ