Намоиш-фурӯши “Китоб” дар саҳни Иттифоқи нависандагон
Донишҷӯёни гурӯҳҳои 2, 3-и гурӯҳҳои кураторӣ аз факултети тиббӣ -профилактикӣ дар намоиш-фурӯши “Китоб”, ки дар саҳни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок карданд.
Дар ин намоишгоҳ аз шоирону нависандагони машҳури ватаниву хориҷӣ асарҳо пешниҳод шуда буд. Инчунин дар намоиш фурӯши китобҳои тозанашре, ки муассисаи нашриявии “Адиб” аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст, ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуда буданд.
Ин чорабинӣ бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси китобхонаҳо ва рушди маънавиёти ҷомеа, ироа карданд,баргузор гашт.
Кураторони гурӯҳҳо Мавлонова Хуршеда, Мамадалиев Мансур ва донишҷӯён намоиш-фурӯши китобро бо шавқу завқи беандоза тамошо карда, аз дарёфти китобҳои дилхоҳи худ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Устодону донишҷӯён ва дустдорони китоб китобҳои даркориву мақбули хешро дастрас намуда, ба д-ин васила махзани донишашонро ғанӣ мегардонанд.
Мудири кафедра, профессор Шерматов Д.С.
Мутасадӣ, саркуратор Муратова Ч.Ҷ