Натиҷаи фаъолияти солонаи бахши биохимияи Озмоишгоҳ


Натиҷаи фаъолияти солонаи бахши биохимияи Озмоишгоҳ

Озмоишгоҳи биохимиявӣ-клиникӣ: дар бинои асосии ОМИТ ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизоти лаборатории ҳозиразамон таҷҳизонида шудааст. Кор дар ин озмоишгоҳ дар ду самт ба роҳ монда шудааст: илмӣ–тадқиқотӣ ва ташхиси биохимиявӣ–клиникӣ. Дар ин бахш зиёда аз 30-намуди таҳлилҳои биохимиявӣ ва килиникӣ гузаронида мешаванд. Дар давоми соли 2020 4002-адад таҳлилҳои клиникӣ барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дарсҳои амалии курсҳои такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалия гузаронида шуданд. Инчунин барои омухтанӣ хосияти илтиҳобӣ ва гепатопротекторӣ баъзе аз моддаҳо дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо ва марказҳои   донишгоҳ ин таҳлилҳо гузаронида шудааст.                                                                                       

Номгӯи таҳлилҳо

Миқдор

1

Таҳлилҳои умумии клиникӣ

4002

2

Таҳлилҳои биохимиявӣ

10080

 

Дар ин озмоишгоҳ 10080 ташхисҳои биохимиявӣ, барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии бахши фармакологияи эксперименталӣ аз он ҷумла: ташхиси сафедаи умумӣ, билирубин, мочевина, креатинин, ферментҳои АлАТ ва АсАТ, глюкоза, гемоглобини гликолизиронидашуда, ҳамаи микроэлементҳо, таҳлили умумии хун, пешоб, фазла, системаи лахташавии муайян кардани турушшавии липидҳо дар хун ПОЛ ва радикалҳои озод СОД хун ва дигар ташхисҳо гузаронида шуданд.  

     

Дар ин бахш 6 нафар (ду нафар номзади илм) кормандон: Самандарзода Н. Ю. (дотсент, ходими илмӣ), роҳбари бахш, Махкамова Б. Ҳ. (н.и.х., ходими илмӣ), Бекмуродов Р. (ходими хурди илмӣ), Самандаров А.Ю., (ходими хурди илмӣ), Нурова Р.Ҷ. (озмоишгари калон) фаъолият менамоянд.

 

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


29.01.2021 376

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php