Натиҷаи фаъолияти солонаи озмоишгоҳи морфологӣ дар соли 2020


Натиҷаи фаъолияти солонаи озмоишгоҳи морфологӣ дар соли 2020

 Дар бахши морфологияи ОМИТ ташхисҳои морфологӣ, дар ду самт ба роҳ монда шудаант: илмӣ-тадқиқотӣ ва ташхисҳои клиникӣ. Мутасаддиёни бахш: Абдуллоев С.М., Тағойқулов Э.Х., Сафаров Б.И., Қурбонов Г.И., мустаҳзарҳо омода карда, гузаронидани ташхисҳо ва натиҷагирӣ аз тарафи ходими илмӣ Абдуллоев С.М., ва ходими хурди илмӣ Тағойқулов Э.Х., гузаронида мешаванд. Дар давоми соли 2020-ум 1370-ташхисҳои морфологӣ гузаронида шудаанд, ки аз ин 70тоашон маводҳои ташхиси килиникӣ ва 1300 маводҳо барои натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотиро ташкил медиҳанд. Дар ин бахш ташхисҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва эксперменталӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар якҷоягӣ бо бахшҳои дигари ОМИТ ва кафедраҳои донишгоҳ аз ҷумла: онкология, биохимия, технологияи фармасевтӣ, химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, фармакалогия, травматология ва ортопедия, бемориҳои ҷарраҳии №2 ва ҷарроҳии ҷоғу руй, ҳамкориии зич дорад. Дар самти илмӣ: ҳамкорӣ бо кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кудакона дар мавзуи «Омӯзиши хусусияти ҷароҳатшифоии маводи тадқиқотшавандаи оксиди алюминий ва оксиди оҳан барои захмҳои фасоднок», 30-маводи ташхиси морфологӣ гузаронида шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Вайдуллоева М.Ш., (роҳбари илмӣ Раҷабов У.Р), дар мавзӯи «Хусусиятҳои ангезишӣ ва таҳсос (аллергиовар)-и пайвастаии комплексии рӯҳ бо албиндозол, 38 мавод аз ташхис гузаронида шуд. Дар ҳамкорӣ бо кафедраи травматология ва ортопедия, аз тарафи аспиранти кафедра Шарипов А.А., амалиёти ҷарроҳии «Шикасти устухони рон, остеосинтез бо воситаи спитсаи Волкова, ҳуҷайрадармонӣ дар ҷойи шикасти устухони рон) ташхили морфологии 12 мавод гузаронида шуданд. Дар оянда дар ин бахш баъд аз дастрас намудани маводҳои лозима ва реагентҳо фаъолият боз ҳам пурзӯр карда мешавад.

                                                                 Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ  

 


27.01.2021 288

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php