Омӯзиши намудҳои гуногуни сеткаҳо дар девораи пеши шикам дар ҳайвоноти озмоишӣ дар бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ
Аз тарафи аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 Худойдодов О. (роҳбари кори номзадӣ д.и.т. Маликов М.Х.) дар бахши ҷаррохии эксперименталии ОМИТ давраи аввали қисми эксперименталии кори илмӣ-тадкикотии дарозмуддат(кори номзадӣ) оғоз гардид. Мавзӯи кори номзадӣ “Оптимизация хирургической тактики лечения при рецидивных и вентральных грыжах передней брюшной стенки” мебошад. Дар ҳайвоноти озмоишӣ баъд аз буриши девораи пеши шикам бо андозаи 12,0 см дар мавзеи зерпустӣ дар боли аппоневрози девораи пеши шикам мавзеъ бо андозаи 5,0х5,0 см омода карда шуда, сеткаҳои гуногуни полипроленӣ ва проленӣ гузошта шуданд. Барои натиҷагирӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ пас аз 1 моҳ аз ин мавзеъ тафтиши захми сеткаи мондашуда гузаронида шуда, ташхиси морфологӣ дар бахши морфологияи ОМИТ гузаронида мешавад.
Озмоишгоҳи марказии илми-тадқиқотӣ.
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2