Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.


Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Хайру саховат намудан ба нафарони ниёзманд амали басо муборак ва савобест, ки аз ҷониби инсонҳои комил амалӣ мегардад. Айёдати шахсони яккаву танҳо, маъюбону бепарасторон ва ятимон доимо зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, ба хусус сарвари он Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҷаноби олӣ, дар тамоми паёмҳои худ ба мардуми кишвар таъкид менамояд, ки ба андозаи қудраташон, заррае ҳам бошад ба ин табақаи осебпазир ва ниёзманди ҷомеа дасти ёрӣ дароз намоянд.

«Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомўз нишон додааст.

Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гуруҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт».

Ин суханонест, ки Президенти кишвар, ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ, моҳи декабри соли 2019, иброз доштаанд.

Такя ба гуфтаҳои боло ва дар асоси дастуру супоришҳои ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» муҳтарам Гулзода М.Қ. санаи 03.12.2020 бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректор дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонони Муовинати тарбияи донишгоҳ, дар ҳошияи таҷлили Рўзи байналмилалии маъюбон ба М.Д. Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат кӯмаки хайриявӣ (озуқа) ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ тақдим намуданд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар рӯзи дастрас гардонидани кӯмаки хайриявӣ мутахассисони бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректор ва ва гуруҳи волонтёрон шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ширкат карда, дар толори фарҳангии муассиса як ҷамъомади хуби фароғатие низ баргузор намуданд. Ҳамчунин, аъзои дастаи ҳунарии «Шифо»-Отабоева Моҳнура ва Аҳмадзода Суҳбат бо барномаи фарҳангию фароғатии омода намудаи худ хотири аҳли ҷамъомад, хусусан бошандагони муассисаи мазкурро болида сохтанд.

Дар интиҳо, аз ҷониби кормандон ва бошандагони М.Д. Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ба хотири чунин иқдоми некашон ва баргузор намудани як чорабинии фарҳангии хотирмони бахши маркетинги иҷтимоии донишгоҳ изҳори миннатдорӣ карда, аз раёсати донишгоҳи тиббӣ хоҳиш намуданд, дар оянда низ чунин чорабиниҳои фароғатию фарҳангиро бештар дар муассисаи номбурда ба роҳ монанд, то ин ки ин табақаи ҷомае низ дар дунёи худ камее болидахотир гарданд. 

Бахши маркетинги иҷтимоии

Хадамоти ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино».


04.12.2020 1827

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php