Ҷарроҳони ҷавон дар ОМИТ
Аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар ҳамкорӣ бо кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ дар бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ аъзоёни маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” амалиётҳои ҷарроҳиро гузаронида истодаанд. Аъзоёни маҳфил донишҷӯёни курсҳои III-VI-ум мебошанд. Рафти фаъолияти маҳфил аз тарафи кормандони кафедра (мудири кафедра дотсент Қурбонов Ҷ. М., асстистентони кафедра: Баҳромов М. Б, Мансуров Х. Н.) ва кормандони бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ назорат карда мешавад. Барои азххудкунии техникаи ҷарроҳӣ дар базаи кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ (расми 1) бо аъзоёни маҳфил дарсҳои назариявӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи аъзоёни фаъоли маҳфил (Хуҷамқулов Ф., Ғоибова М., Авазова М., Абдуллоев М.) мустақилона амалиётҳои ҷарроҳии “Гузоштани дарзи меъда ва рудаи борики гузаштани гастростома” гузаронида шуданд. Амалиётхо дар ҳайвонотҳои озмоишӣ гузаронида шуданд. Дар оянда аз тарафи аъзоёни маҳфил баъд аз азхудкунии қисми назариявӣ амалиётҳои мураккаб: резексияи меъда, рӯдаҳо, гузоштани аннастамози меъда ва рӯдаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ–тадқиқотӣ.
Кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ.