Воридкунии усулҳои муосири табобати омосҳои устухон


Воридкунии усулҳои муосири табобати омосҳои устухон

Кормандони кафедраи травматология ва ортопедия таҳти роҳбарии мудири кафедра, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба травматология ва ортопедия, доктори илмҳои тиб, профессор Абдувалӣ Абдуҳамидович Раззоқов якҷоягӣ бо мутахассисони Маркази миллии тиббии «Шифобахш» аввалин бор дар кишвар усули муосири эндопротезкунониро ҳангоми омосҳои устухон бо истифодаи эндопротезҳои онкологӣ ворид карданд. Дар муддати кӯтоҳ ин усул ба се нафар бемор анҷом дода шуд, ки ба яке аз ин беморон амалиёт аз тарафи кормандони сохтори ортопедӣ дар Маркази клиникии «Онкология» анҷом дода шуд.

Ҳарсола дар тӯли 5 соли охир дар кишвар ба зиёда аз 300 беморони эндопротезкунонии буғумҳо гузаронида менщавад. Эндопротезкунонӣ бо истифодаи эндопротезҳои онкологӣ аз эндопротезкунонии оддие, ки ҳангоми дигар бемориҳое ортопедӣ истифода мешавад, ба кулли фарқият дорад. Ҳангоми эндопротезкунонӣ бо истифодаи эндопротезҳои онкологӣ пеш аз ҳама бурида гирифтани омос якҷоя бо устухон анҷом дода мешавад. Ин дар навбати худ ба пайдо шудани дефекти устухон, ки аз 10 то 30 см-ро ташкил медиҳад, оварда мерасонад. Ин ҷарроҳиҳо пас аз муоинаи якҷоя бо духтури онколог гузаронида шуданд. Бо ҳамин сабаб зарурияти иваз намудани дефекти устухон бо конструксияҳои эндопротезҳои онкологӣ пайдо мешавад, ки инро дар аксҳои рентгении бемори дар поён овардашуда бараъло дида мешавад.                            

Дар нақшаи кормандони кафедра ворид кардани дигар технологияҳои муосири табобати беморони ортопедӣ дар кишавар ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи ворид кардани технологияҳои ҳозиразамони табобати беморон миқдори беморони гирифтори оқибати осеб ва бемориҳои ортопедӣ, ки пеш барои табобат дар хориҷи кишвар мерафтанд, якчанд маротиба коҳиш ёфт.             

Мудири кафедраи травматология ва ортопедия, сармутахассиси соҳавии

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

оид ба травматология ва ортопедия,д.и.т., профессор Раззоқов Абдувалӣ Абдуҳамидович

  

Дар расм акси рентгении рони беморе, ки ба ӯ эндопротезкунонии онкологӣ гузаронида шудааст, оварда шудааст (акси дуюм давоми акси якӯми рон мебошад).


2
1
13.10.2020 444

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php