Натиҷагирӣ аз “Омӯзиши хусусиятҳои зиддидиабетии хокаи лӯндаи Кинг”
Дар бахши фармакалогияи эксперименталии ОМИТ корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат оид ба “Омӯзиши хусусиятҳои зиддидиабетии хокаи лӯндаи Кинг” таҳти роҳбарии проф. Азонов Ҷ.А. ва мутасаддӣ Ҷалилов Ғ.Қ. дар ҳайвоноти озмоишӣ (30-адад калламушњои сафед) марҳилаи натиҷагирӣ гузаронида шуд. Дар муддати 1 моҳ ба ҳайвоноти озмоишӣ маводи тадқиқотшавандаи “Кинг” ворид карда шуда, таъсири он омӯхта шуд. Барои натиҷагирӣ таҳлилҳои биохимиявии хун (сафедаи умумӣ, холестерин, албумин, калсий, калий, креатинин, мочевина, глюкоза, АЛТ, АСТ) гирифта шуданд. Аз натиҷаҳои бадастомада таъсири муcбат ва манфии маводи тадқиқшаванда омӯхта мешавад.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ