Нақши ОМИТ дар рушди илмҳои дақиқ ва тиб


Нақши ОМИТ дар рушди илмҳои дақиқ ва тиб

Дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон шудааст. Ба ин васила ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз тарафи Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонсолҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”эълон гаштааст. Мусаллам аст, ки бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддиву техникӣ ва кадрӣ, пешрафти илмҳои техникиву табиӣ ва хусусан, илмҳои таҷрибавӣ ғайриимкон аст.Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло маҳз бо ҳамин сабаб тақрибан тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ, илмиву таҳқиқотӣ ваозмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии кишвар наметавонанд таҳқиқоти самаранок ва ташхиси дақиқу саривақтиро ба анҷом расонанд.

Барои амалӣ намудани ин бо ташаббус ва дастгирии ректори МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. корҳои илмию амалӣ дар Озмоишгоҳ ки назираш дар Тоҷикистон нест, вусъати тоза ёфта, бо асбобҳои муосири биохимиявӣ, морфологӣ ва реагентҳои муосир муҷаҳҳаз шудааст ва дар он унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо кор мебаранд. Тавассути асбобҳои муосири дар ОМИТ ҷойдошта хосиятҳои химиявӣ ва фармакобиологии маводи шифоии ба тозагӣ дарёфтшуда омӯхта мешавад.

Имрӯзҳо ОМИТ аз 6 зерсохтор иборат аст, ки дар он беҳтарин олимони кишвар доктори илмҳои тиб, профессор Нуралиев Ю.Н., Азонов Ҷ.А. ва дигарҳо шомиланд ва шукӯҳу шаҳомати илми ҷаҳонгири тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. ОМИТ корҳои илмӣ тадқиқотиро дар ҳамкорӣ бо Озмоишгоҳҳои ватанию хориҷӣ, аз он ҷумла, Озмоишгоҳи қимиёи мураккаботи координатсионии Институти илми тадқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти кимиёи АИ ҶТ ба номи Никитин, Институти илмию тадқиқотии ветеринарии АИК ҶТ ва Институти масоили амнияти биологии АИК ҶТ, Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Институти илми тадқиқотии физико техникии АИҶТ ба номи академик Умаров ба роҳ мондааст.

Натиҷаи корҳои илмии олимони кафедраҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки дар ОМИТ фаъолият мекунанд дар маҷаллаҳои бонуфузи дунё нашр шудаанд. Дар соли 2020 27 маводи чопи баррасӣ шудааст, аз ин теъдод: 15 фишурда, 10 мақолаҳои илмӣ 9 мақола дар маҷаллаҳои КОА ҶТ ва ФР, маҷаллаи СКОПС Сolloquium-journal (Warszawa, Polska), ахбор ва баромадҳои АИ ҶТ, журнали Илм ва инноватсия, Паёми Сино, Авҷи зуҳал, ки маҷаллаҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ ба шумор мераванд, журнали амрикоии Интернешнл жоурнал фармации енд Кемистри СКОПС 2 патенти ихтироӣ ва дигарҳо ба табъ расидаанд.

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо дар ОМИТ барои иҷрои корҳои илмӣ ҷавонони лаёқатманди кишварамон гирд омадаанд ва ҳамчун беҳтарин нобиғаҳои хунар, ихтироъкорон, «Беҳтарин олими ҷавони сол”, «Беҳтарин омӯзгори ҷавони сол”, «Беҳтарин донишҷӯ-ҳунарманди сол” ба камол расидаанд. Ба ин васила соли 2018 -2019 дар байни ихтироъкорони Ҷумҳурӣ ҷавонони ихтироъкори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Ҷашнвораи байналмилалии ихтироъкорони дунё, дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 9 адад ихтирои ихтироъкорони Тоҷикистон бо медаллҳо: аз ҷумла: 4 адад тилло, 4 адад нуқра ва 1 адад биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд. Боиси ифтихор аст, ки дар ин радиф се нафар аз ихтироъкорони Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ин теъдод 2 нафар аз байни ҷавонон бо медалҳои тилло ва 1 нуқра қадршиносӣ шуданд ва боиси тазаккур аст, ки Шоҳҷоизаи Ассотсиатсияи ихтироъкорони Олмон ва сертификат аз Ассостсиатсияи ихтироъкорони Таиланд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синосазовор дониста шуд. Аз байни ҷавонон аспиранти кафедраи химияи фарматсевтӣ ва захршиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Мижгони Шуҳратзода барои ихтироъ дар соҳаи кимиё ва дорусозӣ «Метрарги дорои фаъолияти зиддимикробӣ» соҳиби медали тилло гардид ва ин боиси ифтихори Тоҷикистон ва мушаххасан ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ҳар як ҷавон ва фарди соҳибмаърифат ва соҳибилми тоҷик аст.

Барои амалӣ намудани нақшаҳои хеш мо, олимони донишгоҳ кӯшиш менамоем, тавсия ва пешниҳодҳои Пешвои муаззамро ба инобат гирифта, илмро рушд бидиҳем ва дар ин кор фидои бошем, парчами илму маърифат, шукӯҳу шаҳомати илми ҷаҳонгири тоҷикро дар арафаи ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти ҶТ дар арсаи ҷаҳонӣ, баландтару баландтар бардорем, Тоҷикистони биҳиштосоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва барои давлату ватани хеш ҳамчун фарди Тоҷикистон ҳиссагузорӣ намоем. 

        Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ”

       Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 28 12 соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ” миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин озмун дар бахши беҳтар ин лоиҳа иинноватсионӣ барои ишғоли ҷойи 1-ум аспиранти кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Мижгон Шуҳратзода, барои ишғоли ҷойи 2-юм аспиранти кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Султонов Рауфҷон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Озмоигоҳи Марказии илмӣ-тадқиқотӣ. Кафедраи химияи фармсевтӣ ва захршиносӣ

 


2
1
03.09.2020 671

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php