Илм аст бараҳнаруву таҳсил зар аст!
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ҷамъомади бошукӯҳ баргузор шуд, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода-вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҷамъомадро оғоз намуда, ҳамаи омӯзгорон ва бахусус донишҷӯёни соли аввалро барои шомил гардидан ба сафи донишҷӯёни чунин як донишгоҳи бонуфуз ва сазовор шудан ба номи боифтихори донишҷӯ табрик намуда, суханро ба Ҷамолиддин Абдуллозода-вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуд. Вазири тандурустӣ дар баробари табрики ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, таманнои онро дошт, ки дар соли нави хониш сатҳи дониш, кори таълиму тарбия боз ҳам баланд бардошта хоҳад шуд.
Дар идомаи сухани хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо ҳузури аҳли маорифи кишвар баргузор шуд, ишора намуд, ки таъкид карданд:
“Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.” Инчунин афзуд, ки устодони донишгоҳи тиббӣ бояд кадрҳои унвондорро тарбия намуда, корҳои илмии эшон дар амалия истифода бурда шаванд.
Зимнан, Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор намудааст, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии наслҳои ояндаро қавӣ гардонанд. Шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад- таъкид намуд Ҷамолиддин Абдуллозода-вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа