ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Ҳар миллатро пеш аз ҳама бо забонаш мешиносанд. Забон ойинаи таърих, фарҳанг, тафаккур, ахлоқ ва ҷаҳонбинии халқ аст. Дар ҳар вожаи модарӣ садои ниёгон, дар ҳар ҷумлаи он таҷрибаи асрҳо ва дар ҳар сухани ширини он меҳри Ватан нуҳуфтааст.
Ҳамасола 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана танҳо як рӯзи тақвимӣ нест, балки рӯзи арҷгузорӣ ба яке аз муҳимтарин арзишҳои миллӣ-забони тоҷикӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми забонро дар ҳастии миллат бисёр равшан таъкид намудаанд:
«Забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб мераванд».
Ин сухан маънои амиқ дорад. Воқеан, миллат бе забон наметавонад хотираи таърихӣ, фарҳанг, урфу одат ва ҳувияти худро нигоҳ дорад. Забон ҳамон риштаи ноаёнест, ки гузашта, имрӯз ва фардои як халқро ба ҳам мепайвандад.
Забони тоҷикӣ таърихи куҳан ва ганҷинаи азими адабӣ дорад. Бо ин забон осори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо адибу мутафаккири дигар офарида шудааст. Осори ин бузургон собит месозад, ки забони тоҷикӣ на танҳо забони муошират, балки забони илм, адаб, фалсафа, ахлоқ ва тамаддуни бузург мебошад. Дар яке аз суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд:
«Забон гавҳари бебаҳо, мояи ифтихор ва олитарин муқаддасоти миллии мост».
Воқеан ҳам, забон гавҳарест, ки арзиши онро бо ҳеҷ сарвати моддӣ баробар кардан мумкин нест. Он аз насл ба насл мегузарад ва то замоне ки забон зинда аст, рӯҳу хотираи миллат низ зинда мемонад.
Муҳаббат ба забони модарӣ аз кӯдакӣ оғоз мешавад. Аввалин аллаи модар, аввалин суханони падар, афсонаи бибӣ ва насиҳати бобо дар зеҳни кӯдак бо забони модарӣ нақш мебанданд. Аз ҳамин сабаб оила нахустин мактаби забономӯзӣ мебошад. Агар кӯдак дар муҳити сухани дурусту зебо ба воя расад, китоб бихонад, шеър аз бар кунад ва ба осори адибони тоҷик рӯ оварад, эҳтиром ба забон дар вуҷуди ӯ тадриҷан ташаккул меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба масъалаи таълими забон ба насли наврас таваҷҷуҳи махсус дода, таъкид намудаанд, ки фарзандону набераҳо бояд аз муассисаи томактабӣ сар карда, забони тоҷикиро хуб аз худ намоянд ва аз фарҳанги миллӣ ва мероси маънавии ниёгон огоҳ бошанд. Ин таъкид махсусан дар замони имрӯза муҳим аст. Зеро кӯдакон ва ҷавонон имрӯз қисми зиёди вақти худро дар муҳити интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Агар забони тоҷикӣ дар ин фазо кам истифода шавад ё бо шакли нодуруст пешниҳод гардад, тадриҷан фарҳанги гуфтор ва навиштори насли ҷавон осеб мебинад.
Ҷаҳони муосир омӯзиши забонҳои хориҷиро талаб мекунад. Донистани русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо барои таҳсил, илм, технология ва робитаҳои байналмилалӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Аммо донистани забони дигар набояд боиси дур шудан аз забони модарӣ гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Мо бояд забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ба роҳ монем».
Ин андеша барои насли ҷавон махсусан муҳим аст. Инсон метавонад чанд забонро хуб донад, аммо забони модарӣ бояд пояи тафаккур ва худшиносии ӯ боқӣ монад. Забони тоҷикӣ низ бояд ҳамқадами замон бошад. Пешрафти илму техника, тиб, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ворид шудани мафҳумҳои навро тақозо менамояд. Зарур аст, ки барои онҳо истилоҳоти дурусту фаҳмои тоҷикӣ таҳия ва дар муҳити илмӣ ва ҷамъиятӣ истифода шаванд.Сарвари давлат донишмандони кишварро низ даъват намудаанд, ки асарҳои илмии худро бештар ба забони давлатӣ таълиф намуда, дар пешрафти забони тоҷикӣ саҳм гузоранд.
Мо забони тоҷикиро аз гузаштагон ҳамчун мероси гаронбаҳо ба даст овардаем. Аммо ин мерос танҳо барои истифодаи имрӯз нест. Мо вазифадорем онро пок, ғанӣ ва солим ба фарзандону наберагони худ супорем.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус гуфтаанд, ки забони миллӣ бояд барои наслҳои оянда дар шакли «суфтаву такмилёфта ва поку бегазанд» ба мерос гузошта шавад.
Пас ҳар як соҳибзабон дар назди забони худ масъул аст. Омӯзгор бо сухани дуруст, донишманд бо асари илмӣ, адиб бо каломи бадеӣ, рӯзноманигор бо навиштаҳои худ ва падару модар бо тарбияи фарзанд метавонанд ба рушди забон саҳм гузоранд.
Муҳаббат ба забон танҳо дар сухан нест. Он дар дуруст навиштан, пок сухан гуфтан, китоб хондан, омӯхтани мероси адабӣ ва эҳтиром ба ҳар як вожаи модарӣ зоҳир мешавад.
Дар китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Забони миллат-ҳастии миллат» низ таъриху ҷойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтааст.
Рӯзи забони давлатӣ моро водор месозад, ки аз худ бипурсем: барои ҳифз ва рушди забони модарии худ чӣ кор кардаем?
Оё фарзандони мо бо забони дурусти тоҷикӣ ҳарф мезананд?
Оё мо китобҳои тоҷикӣ мехонем?
Оё дар навиштаҳои рӯзмарра ба покии забон аҳамият медиҳем?
Ҳифзи забон танҳо вазифаи идора ё муассиса нест. Он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Зеро забон танҳо калима нест. Забон хотираи модар аст. Забон овози Ватан аст. Забон садои ниёгон ва паёми мо ба наслҳои оянда мебошад.
Аз ин рӯ, бояд забони тоҷикиро дӯст дорем, онро омӯзем, бо он ифтихор намоем ва барои покиву рушди он саҳм гузорем.
Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Забон аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он рукни меҳварӣ ё шаҳсутуни давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик … буд, ҳаст ва мемонад».
Пас, бигзор забони ширину шевои тоҷикӣ ҳамеша садои ҳастии миллат, рамзи худшиносӣ ва пайвандгари наслҳои тоҷик боқӣ монад.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Ҳотамова М.Н.- -дотсенти кафедраи бемориҳои
кӯдаконаи №1 ба номи
проффесор Аминов Ҳ.Ҷ.