Маълумоти умумӣ


Сардори шуъба
Шуъбаи тарбия МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ҷузъи сохтории Муовинати тарбияи донишгоҳ маҳсуб ёфта, сиёсати роҳбарияти донишгоҳро дар самти баланд бардоштани сатҳи тарбияи инсондўстиву ватанпарастӣ, худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, бо ин васила ташаккул додани фарҳанг ва маънавиёти донишҷӯён татбиқ менамояд.

Самтҳои асосии фаъолият


бо мақсади татбиқи бандҳои Консепсияи миллии тарбия, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои корҳои тарбиявии донишгоҳӣ, таъмини иҷрои амалии ҳадафҳои стратегӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи қонунгузории соҳаи маориф ва илми ҶТ, қарори Шўрои олимон ва супоришҳои ректори донишгоҳ ҳамкории худро бо сохторҳои донишгоҳ ба роҳ мемонад;
дар фаъолияти худ ҷамъи масъалаҳои ба корҳои тарбиявӣ алоқамандро зери назорат ва роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад;
фаъолияти тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи донишгоҳро назорат намуда, дар назди муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг ва ректори донишгоҳ масъул аст;
фаъолияти Шўрои кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ: Шуъбаи кор бо ҷавонон, Шўрои занон ва духтарон, Шўрои кураторони назди факултетҳо, Шўрои волидайн, Шўрои донишҷўёни хобгоҳҳоро ҳамоҳанг сохта, самарабахшии фаъолияти онҳоро дар вусъати корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд.
Мақсади асосии шуъба ин ташаккули инсони комил, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, фикру ҷисму рўҳи солим, эҳсоси баланди ватандўстӣ ва худогоҳии миллӣ, риоягари қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, бо таҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол, созандаю эҷодкор ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
Назорати иҷроиши соатҳои тарбиявии кураторӣ ва беруназдарсӣ, аз ҷониби омўзгорону донишҷўён риоя намудани талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявии Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷўён ва омўзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои тарбиявӣ, корҳои ташвиқотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо донишҷўён дар донишгоҳ ва хобгоҳҳо аз ҷумлаи вазифаҳои асосии шуъба маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, ҳамасола аз ҷониби шуъба чорабиниҳои зиёди тарбиявӣ, адабӣ, фарҳангӣ, иду ҷашнвораҳои миллӣ, касбӣ ва ғайра ташкилу баргузор шуда, даҳҳо сенария ва нақшаву барномаҳои гуногуни тарбиявӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ таҳия мегардад.
Дар шуъба аз ҳисоби донишҷўёни соҳибистеъдод ва лаёқатманд дастаи ҳаваскорни санъат бо номи «Шифо» таъсис дода шудааст. Репертуари даста аз сурудҳои лирикию ватанпарваронаи тоҷикӣ ва сурудҳои халқу миллатҳои гуногун иборат буда, дар донишгоҳ ва берун аз он обрўву эътибор ва мавқеи муайянро касб кардааст. Якчанд суруду таронаҳои дастаи “Шифо” аз ҷониби шабакаҳои ТВ Тоҷикистон наворбардорӣ шуда, тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар пахш гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар самти ҳамкориҳои донишгоҳ бо ВАО саҳми шуъба назаррас аст. Аъзои дастаи “Шифо” дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа дар ТВ “Сафина” барномаи телевизионии “Нигоҳи нав” созмон додаанд. Барномаи мазкур рўзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта наворгирӣ шуда, дар он масоили мухталифи мубрами ҳаёт мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад ва донишҷўёни донишгоҳи мо иштирокчиёни фаъоли ин барнома маҳсуб меёбанд.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг бо тамоми сохторҳои донишгоҳ низ ҳамкориҳои судман дорад. Шуъба ҳамасола бо муовинати корҳои муолиҷавӣ, бахшида ба Рўзи тандурустӣ дар манотиқи кишвар Форум ташкил намуда, роҷеъ ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои мухталиф корҳои мушаххас анҷом медиҳад.
Дар ташкилу баргузории конфронсу симпозиумҳое, ки аз ҷониби муовинати илм роҳандозӣ мегардад, Шуъбаи тарбия ва фарҳанг бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ сатҳи фарҳангу маърифат ва исеъдоди баланди донишҷўёни донишгоҳро муаррифӣ менамояд.
Донишгоҳи тиббӣ аз лиҳози ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил дар мамлакат мавқеи пешсафиро дорост. Бо мақсади таҳкими дўстиву бародарӣ, ривоҷ додани ҳисси худшиносӣ ва инсонпарварии донишҷўёни гуногунмиллат ва шиносонидани онҳо бо арзишҳои фарҳангии умумибашарӣ аз ҷониби Шуъба Низомномаи баргузории «Рўзҳои фарҳангии донишҷўёни хориҷӣ» дар донишгоҳ таҳия карда шуд, ки ҳар сол мувофиқи ин низомнома Рўзҳои фарҳангии донишҷўёни хориҷӣ бо иштироки намояндагони мамлакатҳои гуногун баргузор карда мешавад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:



C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php