Маълумоти асосӣ


Раиси кумита
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷўён (КИКД) соли 1939 баробари таъсисёбии донишгоҳ арзи ҳастӣ намуда, ташкилоти мустақил мебошад ва бо мақсади таъмини шароити мусоиди зисти донишҷўён, баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун, ҳавасмандгардонии толибилмони фаъолу ташаббускор, дастгирии моддию маънавии донишҷўёни ятим, бо хобгоҳ таъмин намудани донишҷўёни эҳтиёҷманд, назорат аз болои созмонҳои донишҷўӣ, назорат аз болои реҷаи кор ва сифати маҳсулотҳои нуқтаҳои хўроки умумӣ, назорати вазъи саломатии толибилмон, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни тарбиявию варзишӣ назорат аз болои Шўрои донишҷўёни хобгоҳҳо, назорати рафти хониш ва давомоти толибилмон ҳамасола корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. КИКД аз ҷиҳати фарогирии донишҷўён калонтарин созмони ҷамъиятии донишгоҳ маҳсуб ёфта, алҳол дар сафи худ бештар аз 2000 нафар донишҷўён, аспирантон, интернаҳо ва ординаторони клиникиро муттаҳид созад. Раиси КИКД аъзои раёсат ва Шўрои олимони донишгоҳ буда, барои ҳалли дилхоҳ масъалаҳои ба зиммааш буда, дар лаҳзаҳои зарурӣ ба роҳбарияти донишгоҳ эроду пешниҳод ва дархости кумитаро пешниҳод менамояд. Намояндаи КИКД дар кори комиссияҳои гуногуни назоратию санҷишӣ фаъолона ширкат меварзад.
Бо мақсади дастгирии донишҷўёни соҳибистеъдоду лаёқатманд дар донишгоҳ бо таклифи КИКД 6 намуди стипендияҳои номӣ мавриди амал қарор доранд. Ҳар сол тариқи озмуни баргузорнамудаи Шуъбаи кор бо ҷавонон ва КИКД беҳтарин донишҷўён барои соҳиб гаштан ба ин степендияҳо тавсия дода мешаванд. Илова бар ин бо мақсади ба корҳои тарбиявӣ ҷалб намудани бошандагони хобгоҳҳо КИКД дар якҷоягӣ бо муовинати тарбия ва фарҳанг чорабиниҳои зиёди маърифатию фарҳангиро баргузор менамояд.
Ба фаъолияти КИКД дар солҳои гуногун инҳо роҳбарӣ кардаанд: Сухапарова А.П. (1960), Раҳматов Д.(1960-1966), Усмонов М.У. (1966-1968), Ашўров Қ.Э. (1968-1970), Давлатов М.Д. (1970-1971), Тўраев А.А. (1971-1975), Миряҳёев И. (1975-1977), Қодирӣ Т.Р.(1977-1981), Ҷўрабоев А.А.(1981-1986), Холиқов М (1986-1988), Ҷўрабоев А.А. (1988-1993), Раҷабов Г.О. (1993-2005), Азизов З.А. (2005-2007), Саидов Б.И. (2007-2013), Холов Ш.И. (2013-2016).
Аз соли 2016 ба Кумита Саидов Искандар Саидҷаъфарович роҳбарӣ менамояд.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:



Тамос


Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139, ошёнаи 1, кабинети №113
Тел.: (+992) 44 -600-36-46, (+992) 918-24-60-17, (+992) 918-27-33-98,
E-mail: kikd@tajmedun.tj

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php