Маълумоти умумӣ


Директори марказ
Маркази таълимӣ - клиникии "Стоматология" фаъолияти худро аз соли 2007 оғоз намуд ва роҳбарии марказро Шарипов С.М. (солҳои 2007 – 2009), Сабуров С.К. (солҳои 2009 – 2015) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2015 то ҳол роҳбарии марказро Таибов С.А. ба зимма дорад.
Марказ дар баробари тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ инчунин барои такмили маҳорати касбӣ, истифодаи мақсадноки таҷҳизоти стоматологӣ, расонидани хизмати тиббӣ аз рӯи ихтисос ба муроҷиаткунандагон низ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Дар Марказ корҳои илмӣ яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Марказ номзадҳои илми тиб, табиб – стоматологҳо, 2- нафар аълочии ВТ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, устодон ва лаборантони калони кафедраҳои марбут адои вазифа мекунанд. Дараҷаи унвоннокии кормандони кафедраҳои МТК «Стоматология» 50% -ро ташкил медиҳад. Дар кафедраҳои марказ тамоми корҳои табобатие, ки дар соҳаи стоматологияи муосири дунё истифода мешаванд, роҳандозӣ карда шудааст ва бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин аст. Дар марказ кафедраҳои стоматологияи ортопедӣ ва муоличавӣ пурра, кафедраҳои стоматологияи кӯдакона ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй қисман ҷойгир шудаанд.Фаъолияти ҳуҷраҳои рентгенӣ, физиотерапевтӣ, тамизгардонӣ кори устодонро осон гардонида барои сари вақт ташхиси дуруст мондан ва табобати муфид намудан мусоидат менамояд. Дар ҳама ҳуҷраҳо камераи нигоҳдории асбобҳои тамизшуда гузошта шудааст,ки ин барои бехатарии сироятӣ муҳим аст. Ҳамкорӣ байни устодони кафедраҳо дар сатҳи зарурӣ буда, барои баланд бардоштани нуфузи марказ ҳамчун клиникаи донишгоҳии ДДТТ баноми Абӯалӣ ибни Сино мусоидат мекунад.
Вазифаҳои асосии марказ
баланд бардоштани савияи таълими донишҷуён ва магистрҳо;
тайёр намудани мутахассисони баландихтисос;
тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ;
тайёр намудани дастурҳои методӣ, дарсӣ ва дастурамалҳо барои машғулиятҳои амалии донишҷуён ва муаллимон;
иҷрои корҳои тарбиявӣ;
иҷро намудани корҳои муолиҷавӣ ва машваратӣ;
Ҷарроҳиҳои пластикии гурда ва роҳҳои пешобдон
Корҳои таълимӣ
Корҳои тарбиявӣ дар Марказ аз рӯи нақшаи тасдиқкардаи шуъбаи таълим ба роҳ монда шуда, қариб ҳама лексияҳо ва дарсҳои амалӣ бо тариқи презентатсия, яъне бо истифода аз компютер, проектор ва доскаи эдлектронӣ гузаронида мешаванд.
Дар марказ ҳуҷраи фантоми бо ҳама маводҳои ҳозиразамон фаъолият менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат мекунад.
Корҳои тарбиявӣ
Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои зерин бурда шуд:
Пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ;
Оиди ҳолати омузиши забони давлатӣ дар марказ.
Оиди конститутсияи ҶТ ва аҳамияти он барои тенҷию ороми ва пешрафти ҷомеаи имрӯза.
Оиди сазовор ҷашн гирифтани рӯзи Президенти ҶТ– 16.11 ва рӯзи парчам – 24.11
БАРОМАДИ ТВ - 26, РАДИО - 6, ГАЗЕТА –17

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:



Тамос


Суроғаи марказ: ш.Душанбе, хиёбони Сино 30/1, Маҷмааи нави таълимии “Шифобахш”
Телефонҳо: (+992) 44 600 39 73
E-mail: mtks@tajmedun.tj

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php