Мақсади асосӣ

Директори марказ
Мақсади асосии таъсис додани Марказ фароҳам овардани шароит барои ташкил ва гузаронидани раванди таълиму тарбия, таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ, корҳои истеҳсолӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва дар сатҳи баланд омӯзонидани маҳорати касбӣ дар шароити Маркази илмию истеҳсолии донишгоҳии соҳавӣ мебошад, ки барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олии соҳаи фарматсия ва ҷавобгӯй будани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Сохтори маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”

Дар МТИИ «Фарматсия» ҳаррӯза машғулиятҳои амалӣ аз фаннҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд:
фармакогнозия – барои донишҷӯёни курси 3 факултаи фарматсевтӣ;
химияи фарматсевтӣ - барои донишҷӯёни курси 3 ва 4 факултаи фарматсевтӣ;
ташкил ва иқтисоди фарматсия - барои донишҷӯёни курси 4 ва 5 факултаи фарматсевтӣ;
фармакология - барои донишҷӯёни курси 4 факултаи фарматсевтӣ ва курси 3 факултаҳои тиббӣ ва стоматологӣ.
Чунин машғулиятҳо бо истифодаи асбобҳои аёнӣ, ашёи хоми растанигӣ ва усулҳои интерактивӣ гузаронида мешаванд, ки ин омил барои боз ҳам беҳтар намудани малакаҳои таҷрибавии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Дар Марказ донишҷӯёни курсҳои 1-5 аз фаннҳои тахассусӣ таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолиро гузашта, бо роҳбарони таҷрибаомӯзӣ барои омӯзиши флораи растанигӣ ва ҷамъоварии ашёҳои растанигӣ дар фаслҳои гуногуни сол ба дарраҳои Харангон, Кондара, Қиблаӣ, Варзоб, води Ҳисор ва мавзеи Канаски ш.Ваҳдат мераванд. Ашёҳои растанигии ҷамъкардашударо аз рӯи дастурҳои мавҷудбуда хушк ва коркард намуда, барои тайёр намудани ҳар гуна маводҳои доруворӣ истифода мебаранд.


Бахши иттилоотӣ оид ба маводи дорувории МТИИ «Фарматсия»

Вазифаи асосии Бахши иттилоотӣ оид ба маводи дорувории МТИИ «Фарматсия» – паҳн намудани иттилоотҳои воқеӣ, эътимоднок ва илман исботшуда бо мақсади пешбурди истифодаи самаранок ва дастрасии маълумоти босифат оиди маводи доруворӣ (МД) барои омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии тиббӣ, кормандони соҳаи тиб ва аҳолӣ мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти Бахши иттилоотӣ оид ба МД:
татбиқи консепсияи истифодаи самараноки маводи доруворӣ (ИСМД), рушд ва мустаҳкам намудани системаи иттилооти исботшуда оиди МД;
ташкил ва гузаронидани семинарҳо, мизҳои мудаввар, курсҳои таълимӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТТ, инчунин дигар гурӯҳҳои кормандони соҳаи тандурустӣ бо мақсади пешбурди принсипҳои истифодаи самараноки МД;
таҳия, чоп ва паҳн намудани иттилооти воқеӣ оид ба МД дар матбуоти даврӣ;
аз нав дида баромадан, тайёр намудан ва пешниҳоди иттилооти собитшуда ва воқеӣ барои ташаккул ва аз нав дида баромадани меру ҳуҷҷатҳои асосӣ барои пешбурди ИСМД (рӯйхати маводҳои дорувории асосӣ, протоколҳои клиникӣ, дастурҳо) дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои дахлдори ВТ ва ҲИА ҶТ;
таъмин намудани дастрасӣ ба сарчашмаҳои амиқи иттилоотҳои новобаста ва эътимоднок оиди ИСМД барои донишҷӯён, кормандони илмии соҳаи тиб, муассисаҳои тандурустӣ ва аҳолӣ.

Тамос


Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Самад Ғанӣ 3
Тел.: (+992) 93-313-77-55
E-mail: mtii_farm@tajmedun.tj

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо


C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php