ОБИ ТОЗА ВА МУШКИЛОТИ ВОБАСТА БА ОН

Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣдар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣмушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об муаррифӣ шуда буд, истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар зиёд шудааст. Дар минтақаҳои васеи ҷаҳони рушдёбанда то ҳол ба оби нӯшокии безарар дастрасии нобаробар боқӣмонда, имкониятҳои технологии поксозии об барои истеҳсоли маҳсулоти озуқа, инчунин коркарди оби истифодашуда маҳдуд мебошанд. Дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврӣқариб 5 миллиард одам, ки тахминан 67 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аллакай то соли 2030 аз оби тоза маҳрум хоҳанд шуд.

Алҳол дар рӯи замин тақрибан 9 миллиард одам ҳаёт ба capмебарад, афзоиши солонаи он бошад 80 миллион нафарро ташкил медиҳад. То соли 2050 аҳолии сайёра қариб ба 12 миллиард расида, зимни ин афзоиши аҳолӣасосан ба кишварҳои рӯба тараққӣ, ки аллакай аз норасоии об танқисӣмекашанд, рост хоҳад омад. Дар баробари ин ҳамасола талаботи аҳолии дунё ба оби тоза ба қадри 64 миллион метри кубӣ меафзояд. Дар сурати боқӣмондани раванд то соли 2030 нисфи аҳолии ҷаҳон ба таҳдиди норасоии об мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ(World Resources Institute) захираҳои солонаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ 293 миллиард метри мукааб ва ба сари ҳар як нафар аҳолӣ 6100 метри мукаабро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои омории солонаи кишварҳои минтақа ҳаҷми миёнаи истифодаи оби тоза ба сари ҳар як нафар аҳолӣаз 2000 метри мукааб дар Тоҷикистон то 4900 метри мукааб дар Туркманистон, ин нишондод дар Қазоқистон-2,35 ҳаз.м3,Қирғизистон - 2,38 ҳаз. м3 ва Узбекистан - 3,42 ҳаз. м3-ро ташкил медиҳанд.

Нишондодҳои мазкур ҳарчанд нисбат ба аксари минтақаҳои дигари ҷаҳон паст бошанд ҳам, вале ин маънои норасоии обро надорад.

Тибқи ҳисобҳои Институти захираҳои ҷаҳонӣнорасоии об дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки истифодаи он ба сари аҳолӣкамтар аз 1700 метри мукааб бошад. Сабаби асосии норасоии об дар Осиёи Марказӣ ба он вобастааст, ки кишварҳои поёноб 70 фоизи захираҳои обии мавҷударо асосан барои талаботи соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд.

Қайд кардан зарур аст, ки истеъмоли асосии об дар минтақа ба Ӯзбекистон (59200 млн. м3/сол) рост меояд, ки он дар маҷмӯъ ба истеъмоли муштараки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон (68930 млн. м3/сол) баробар аст. Ӯзбекистон 88,5% ҳаҷми обро барои талаботи соҳаи кишоварзӣ сарф месозад.

Зимни ин исрофи барзиёди об ба воҳиди маҳсулот аз нишондодҳои ҷаҳонӣаз 3 то 10 баробар зиёд мебошад, ки ин пеш аз ҳама ба системаи кӯҳнашуда ва бесамари обёрисозии кишварҳои минтақа вобаста мебошад. Талафоти иқтисодии истифодаи нооқилонаи захираҳои обӣдарОсиёиМарказӣтибқи маълумоти Барномаи рушди СММ (ПРООН) ҳамасола 1,7 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Чи тавре, ки маълум аст, яке аз масъалаҳои дигари дог дар минтақа масъалаи хушкшавии баҳри Арал мебошад. Вале масъалаи мазкур низ пеш аз ҳама, натиҷаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва исрофи об дар ин соҳа мебошад. Масоҳати заминҳои обёришаванда бамаротиб афзуда, аз 4 миллион гектари соли 1960 имрӯз қариб ба 9 миллион гектар расидааст. Инчунин дар ин давра дар қаламрави кишварҳои поёноб зиёда аз 100 обанбори калонҳаҷм сохта шуд, ки зарфияти умумии онҳо аз масоҳати имрӯзаи баҳри Арал якуним баробар зиёд мебошад. Зиёд гардидани теъдоди аҳолӣниз ба кам шудани вуруди об ба баҳри Арал мусоидат намудааст. Теъдоди аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки соли 1956 тақрибан 20 миллион нафарро ташкил медод, имрӯз ба 63 миллион нафар расидааст.

Махсусияти ҷуғрофӣ ва иқлимии баҳри Арал дар маҷмӯъ, бахусус дар ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ, нобаробарии ташаккули захираҳои обро ба миён овардааст. Дар маҷмӯъ дар баҳри Арал қариб 116 км3 захираҳои об ташаккул меёбад, вале тақсимоташ дар ҳудудҳо нобаробар аст. Сарчашмаи асосӣ (93,33 кмё 80,7 фоиз) дар давлатҳои болооби Тоҷикистону Қирғизистон ташаккул меёбад, вале чи тавре, ки қаднамудем истифодаи бештари он (зиёда аз 85%) ба кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон рост меояд. Дар ин росто, саҳми ин кишварҳо дар ташаккулёбии захираҳои об ночиз буда, ҳамагӣ 13,94% маҷрои умумии баҳри Аралро ташкил медиҳад. Аз маҷмӯи умумии маҷрои обҳои ҳавзаи баҳри Арал табиати нодири кӯҳҳои  Тоҷикистон дар як сол 55,4% ё 64 км3 , аз ҷумла ба ҳавзаи дарёи Ому 62,9 км3(80,17%) ва дарёи Сир 1,1 км(3%) ташкил медиҳад. 

Дар чунин шароит танзими истифодаи захираҳои об дар сатҳи байнидавлатӣ, бешубҳа, ҳамчун василаи асосии ҳалли масъалаҳои зикршуда дар минтақа мебошад. Вале кӯшишҳои кишварҳои болооб ҷиҳати дар минтақа таъсис додани консорсиуми обӣ-энергетикӣ, ки метавонад ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣзамина гузошта, ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ мусоидат намояд, бар асари мавқеи ғайриконструктивии баъзе кишварҳои поёноб то ҳол ба натиҷаи мусбат нарасидааст. Бояд қайднамуд, ки аз чунин ҳаҷми бузурги об камтар аз 10 фоизи он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҷумҳурӣсарф шуда, ҳаҷми боқимондаи он ба кишварҳои поёноб ҷорӣмегардад.

Бо вуҷуди захираҳои фаровони об таъмини як қатор ноҳияҳои мамлакат бо оби тоза ба масъалаи душвор табдил ёфтааст ва беш аз 40 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасии маҳдуд дорад. Ҷумҳурӣ айни ҳол аз рӯи нишондиҳандаҳои қиёсии замини кишт ва истифодаи об ба ҳар сари аҳолӣдар минтақаи Осиёи Марказӣҷои охиринро ишғол менамояд.

Дар баробари ин, дар Тоҷикистон фалокатҳои табиӣ, нарасидани нерӯибарқ, камбуди маблағ дар соҳаи истифодаи об ва омилҳои дигар, ки ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣва экологии кишвар таъсири харобиовар мерасонанд, ҷой доранд. Чунин ҳолат бо вуҷуди кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии он, ба раванди пешрафти Тоҷикистон монеа мегардад.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ҳалли масъалаҳои марбут ба об чун ҷузъи ҷудонашавандаи Барномаи миллии стратегияи рушд ва Барномаи стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатии Чумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудаанд. Бо назардошти мушки лоти зикршуда, Тоҷикистон инчунин дар доираи татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба ҳайси яке аз кишварҳои озмоишӣ қарор гирифтааст.

Рушди соҳаи таъминоти оби нушокӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар соҳаҳо яке аз омилҳои баландравии сатҳи иҷтимоиёту иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ саҳми босазо гузошта истодааст. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини аҳолии кишвар бо оби ошомидании босифат рӯз то рӯз бештар гардида истодааст.

Бо мақсади бо оби тозаи ошомидании мутобиқ ба сифати меъёри давлатӣ ҷавобгӯ таъмин намудани аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкони беҳтар гардонии солимии мардуми кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, № 514 «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» қабул гардид, ки амалӣ намудани он яке аз ҳадаф ва афзалиятҳои асосӣ мебошад.

Тибқи Барномаи мазкур арзиши умумии татбиқи он зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ буда, сарчашмаи маблаѓгузории он аз ҳисоби буҷети мутаммарказ 498,7 миллион сомонӣ (15%), аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 332,4 миллион сомонӣ (10%), аз ҳисоби ҷалби инвеститсия 2,3 милллиард сомонӣ (70%) ва аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 166,2 миллион сомонӣ (5%) пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дар ин давра баҳри мустаҳкам намудани заминаи қонунии соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010, №670 «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2006, №213 “Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об” ва бо мақсади таъмини иҷрои талаботҳои моддаи 5, қисми 7 моддаи 17 қонуни мазкур қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби назорати давлатии таъмини оби нӯшокӣ» аз 31 декабри соли 2011, №679 ва “Дар бораи тасдиқи Тартиби баҳисобгирӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ” аз 31 декабри соли 2011, № 680 қабул карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати танзими муносибатҳо дар ин давра вобаста ба масоили об ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таѓйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Бо талошу кӯшишҳои Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2005-2015 на танҳо баҳри беҳтар намудани ҳолати таъминоти оби ошомидании аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозӣ ва таҷдиди иншоотҳои об, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, аз худкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, барқарорсозии шоҳроҳ ва хатҳои обгузар чораҳои мушаххас андешида шудааст.

Бо кӯмаку дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа дар давраи ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” барномаҳои давлатии «Барномаҳои беҳтар намудани ҳолати таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ дар давраи солҳои 2007-2020», «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», «Барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳои обкашии заминҳои обёришаванда барои солҳои 2010-2015», «Барномаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои навӣ обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»қабул гардидаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №612 дар давраи солҳои 2009-2014 ҳолати мелиоративии 51722 га замин бо арзиши 38468 сомонӣ беҳтар гардонида шудааст.

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» зиёда аз 9 ҳазор га замини нав аз худ карда ба истифода дода шуд, ки ин имкони ба ҷои кори доимӣ таъмин намудани зиёда аз 40 ҳазор нафар сокини ҷумҳуриро ба вуҷуд овард.

Дар водии Рашт низ дар ин давра заминҳои нав ба кор андохта шуда, сатҳи некӯаҳволии мардуми водӣ беҳтар гардонида шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, № 517 оид ба “Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол (ҳоло н. Лахш), Тоҷикобод, Тавилдара (ҳоло Сангвор) ва Нуробод барои солҳои 2008-2010” ба тасвиб расид, ки дар натиҷаи татбиқи ин нақша дар давраи дар ноҳияҳои зикргардида 4942 га замини нав ба арзиши 29733,0 ҳаз. сомонӣ ба истифода дода шуда, беш аз 20 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гадиданд.

Барои фаъолияти бемамониати системаҳои обрасонӣ шоҳроҳҳои обгузар ва хатҳои обрасон накши муҳим мебозад. Моҳияти муҳими онро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии шоҳроҳҳои баландфишори моҳияти обёридошта қарори махсус қабул намуд. Дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №235 “Дар бораи Барномаи барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” корҳои муайяне ба сосон расида, ҳолати истифодабарии шоҳроҳҳои обгузари баландфишор беҳтар гардонида шудаанд.

Мақсади асосии ин Барнома таъмир ва барқарор намудани қубурҳои баландфишори дадр ҳолати садамавӣ қарор дошта буда, бо ин роҳ беҳтар намудани таъминоти оби обёрии заминҳои ба онҳо вобасташуда ва ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисобмерафт.

Тоҷикистон бо сабаби мамлакати кӯҳсор буданаш мунтазам дучори офатҳои табиӣ мегардад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз 947 дарёи калонтарини дорои дарозии беш аз 10 километра ва ҳазорҳо дарёҳои хурд мавҷуд аст, ки аксари онҳо дарёҳои хатарангез ба ҳисоб меравад. Ин захираи бузурги обӣ баробари фоида ба мамлакат ҳамасола ҳисороти калони моливу ҷонӣ низ мерасонад. Ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва боришоти зиёд боиси обхезӣ, ярч ва омадани сел шуда, дар натиҷа ба иншооти муҳими хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.

Барои коҳиши таъсири офатҳо ва хусусан селу обхезиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои марбут ба пасткардани таҳдиди хатари чунин офатҳо амалӣ карда мешавад. Ин амал имкон медиҳад, ки ҳаёти одамон бехатар гардонида шуда, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ аз селу обхезиҳо муҳофизат карда шаванд.

Яке аз чораҳои асосӣ оид ба пешгирии таъсири обхезӣ ва селобҳо сохтмони саддҳо, обгардонҳо, селпартоҳо, дигар иншооти таъиноти мубориза бо обхезӣ ва иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба шумор меравад, ки барои ин маблаѓгузории калон зарур мебошад. Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зарур аст, ки мутахассисони техникаю механизмҳо сафарбар гардида, инчунин дар буҷети ҷумҳурӣ маблаѓҳои муаян пешбинӣ карда шаванд. Дар баробари ин ҷиҳати паст кардани шиддати селу обхезиҳо ва танзими маҷрои дарёҳо ба низом даровардани истифодаи сангу шаѓал ва обовардҳо зарур мебошад.

Сабаби дигаре, ки боиси сар задании обхезӣ, зери об мондани мавзеъҳои аҳолишин ва заминҳои кишоварзӣ мегардад, ин баланд шудани маҷрои дарёҳо аз соҳилу заминҳои наздисоҳилӣ мебошад. Ин гуна ҳодисаҳо асосан дар дарёҳои кӯҳӣ ва хусусан дар ҳавзаи дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб (Қизилсу), сойи Тебалай мушоҳида мегардад. Ҳамасола селҳои калон дар мавсими баҳору тобистон аз кӯҳҳо миқдори зиёди сангу обовардҳоро меоранд, ки онҳо дар қитъаҳои ҳамвори дарё такшин мешаванд. Дар натиҷаи тоза нагардидани маҷрои дарё сол ба сол ҳаҷми чунин обовардҳо зиёд шуда, боиси обхезӣ ва аз соҳил баромадани маҷрои дарё мегардад.

Дар ҷумҳурӣ аз 1386 км саддҳои муҳофизатӣ ва 710 селпартоҳо бо дарозии умумии 503 км мавҷуд мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 416 км саддҳои муҳофизатӣ ва 136,5 км селпартоҳо бар асари обхезӣ ва селҳо вайрон гардидаанд.

Ҳамасола аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ки яке аз омилҳои асосии ҳифзи захираҳои обӣ, иншооти обтаъминкунӣ ба ҳисоб меравад, ки маблаѓҳои муайян пешбинӣ карда мешавад.

Ба мақсади барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи иншооти муҳофизатии зидди обхезӣ Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳ-камкунӣ қабул карда шуд. Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №112 «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» зиёда аз 195771,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети мутаммарказ 33342,3 ҳазор сомонӣ, бо ҷалби маблаѓгузории хориҷӣ 64118,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 82072,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби даромади ҳаққи хизмати обрасонӣ 1916,3 ҳазор сомонӣ ва тариқи ҳашар 29229,0 ҳазор сомонӣ корҳо ба сомон дода шуда, беш аз 72,9 км саддҳо ба истифода дода шудааст. Дар даҳсолаи охир барои анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёда аз 278128,5 ҳазор сомонӣ харҷ карда шудааст.

Умуман баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозӣ ва таҷдиди иншоотҳои об, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, аз худкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, барқарорсозии шоҳроҳ ва хатҳои обгузар ба маблаѓи зиёда аз 300 миллион доллари амрикоӣ корҳо ба анҷом расонида шудаасту дар ин самт маблағгузориҳо аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сол то сол афзоиш ёфта истодааст.

Хулоса, новобаста ба захираҳои бойи обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти соҳа то ҳоло вуҷуд дорад ва бартараф намудани онҳона танҳо маблағ, инчунин вақти муайянеро тақозо менамояд. Боварӣ дорем, дар давраи ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 дар пеш истода, дар ҳалли мушкилоти обии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои пешрафти соҳаи обӣ кишварамон нақши муҳим хоҳад бозид. 

Шуъбаи тарбия


10.12.2020     3168

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php