БА ИСТИҚБОЛИ 5500 — СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОНӢ

Ёдгоре аз Ниёгон
Кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй (мудири кафедра н.и.т. Ҷонибекова Р.Н.)
Саразм яке аз ёдгориҳои беназири таърихист, ки таъриху тамаддуни мил-лати тоҷикро ба ҷаҳониён чун мероси фарҳангӣ муаррифӣ мекунад ва аз аҳамиятибузургиилмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ бархурдор аст. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дарТоҷикистон ба шумор рафта, таҷлил аз он дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мар-думӣ, аҳамияти хоссаеро ба худ касб мекунад.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳоитаърихӣ, бозёфтҳои маданияти қадимаи халқитоҷик баҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар водии Зарафшон ба вуҷуд омаднд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад. Ёд-гории Саразм воқеан ҳам аз он гувоҳӣмедиҳад, ки дар ин мавзеъ замоне аҷдоди тоҷикон сукунат доштаанд.
Тибқи маълумоти аз википедиядастрасшуда, шаҳркадаи Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ ба ҳисоб рафта, масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст.
Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омада, он дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳибаҳр, 15 км аз ш. Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст.
21 сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ёдго-рииқадимииСаразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун марка-зи ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиитоҷикон–«Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм»эълонгардид. Ва роҷеъ ба и нёдгории қадима, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ суханронӣ намуда, ин падидаи нодиритаърихиро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буданд. 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм бо пешниҳодиПрезиденти мамлакат ва бо судури як қарор аз ҷонибиКумитаи мероси фарҳангииМуассисаиилмвафарҳангиСозмониМилалиМуттаҳид—ЮНЕСКО, ёдгории таърихии Саразм дар ПанҷакентиТоҷикистон ба феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда шуд. Сарвари давлат зимни дидору мулоқот бо зиёиёни кишвар дар санаи 19 марти соли 2018 пешниҳод намуда буданд, то соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳу-нармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад. Бо Қарори Ҳуку-мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 сентябри соли 2020 дар шаҳриПанҷакент 5500-солагииСаразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда меша-вад. Перомуни таҷлил аз ин падидаитаърихӣ, Сарвари давлат изҳордо-штанд, ки “Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мофарҳанги бешаз 5500 — солаи халқамонро, киазҷониби мутахассисону коршиносони маъруф ва-доираҳои илмии бонуфузи ҷаҳон эътироф шудааст, ба ҷаҳониён батаври шоиста муаррифӣ намоем”.
Бино ба таҳлилу хулосаи коршиносону бостоншиносон, Саразм аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод ба яке аз марказҳои ҳунармандии мин-тақаиОсиёиМарказӣ табдил ёфта, ҳамчун як ёдгории беназире ба ҳисоб-меравад, ки робитаҳои фарҳангии мардуми мухталиф дарОсиёиМаркази-ро дар худ таҷассум кардааст.
Аз кофтуковҳои бостоншиносон ва кашфу бозёфти баъзе аз ашё маълум мегардад, ки дар ин маҳал мубодилот ва тиҷорат миёни минтақаҳо, баху-сус Туркманистони ҳозира, Байнанаҳрайн, таммадуниҲинд ва Осиёи Мар-казӣ роҳандозӣ буд. Воқеан ҳам, як муддати тӯлонӣ дар ин макон маркази коркарди фулузот, махсусан арзизу мис ва вобаста ба ин рушди ҳунар-мандӣ баҳри истеҳсоли олоти меҳнату ҷанг, кулолгарӣ в амаснуоти зар-гарӣ дар минтақа рушду нумуъ дошт.
Муаррифии осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳангимиллӣ ба ҷаҳониён, аз миллати соҳибмаърифатутамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдори тоҷикон дарак медиҳад. Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣРаҳмонтаҷли-лаз 5500-солгарди Саразмро имкони мусоид ҷиҳати ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намуданиёдгориибеназири фарҳанги тоҷиконмаънидод намуданд. Вазифаи ҳар фарди худогоҳу дӯстдори миллат аст, то дар муаррифии фарҳанги миллӣ баҷаҳониён саҳму нақши худ ба ёдгор гузорад.


03.02.2020     4778
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php