Таърихи кафедра


Соли 1958 вобаста бо зиёд шудани талабот ба педиатрҳо ва бо мақсади беҳгардонии хизматрасонии тандурустии кӯдакон дар ҷумҳурӣ факултаи педиатрӣ таъсис дода шуд. Дар факулта панҷ кафедраи ихтисоси педиатрӣ дошта ташкил карданд:
1. Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона.
2. Кафедраи педиатрияи факултавӣ.
3. Кафедраи педиатрияи госпиталӣ.
4. Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона.
5. Кафедраи ҷарроҳии кӯдакон.
Оғози мустақилона ташкил шудани кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона дар факултаи педиатрии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз моҳи майи соли 1959 ҳисоб мешавад. Якумин мудири кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона н.и.т., дотсент Левина Галина Ефимовна интихоб шуда буд, ки ба Тоҷикистон бо хоҳиши худаш бад аз хатми донишкадаи тиббии Ленинград соли 1929 ҳамроҳии шавҳараш д.и.т., профессор Монаков Николай Засимович омада буданд. Г. Е. Левина яке аз духтурҳои кӯдакона буд, ки пешсафони ташкилдиҳандаи соҳаи педиатрия дар Тоҷикистон буд. Фаъолияти кории худро дар ш. Конибодом оғоз карда барои ташкил кардани техникуми тиббии Конибодом саҳми сазовор гузоштааст. Аз соли 1935 фаъолияти пурмаҳсули илмии Г. Е. Левина дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад. Дар аввал духтури кӯдаконаи диспансер ва аз моҳи майи соли 1936 масъул оид корҳои табобатии хонаи кӯдакон, аз соли 1938 мудири шӯъбаи навзодони таваллудхона шуда кор мекунад. Якҷоя бо кори муолиҷавӣ Г.Е. Левина дар техникуми тиббии шаҳри Душанбе фаъолияти педагогӣ низ машғул мешавад. Дар донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино соли 1942 ассистенти кафедраи педиатрия интихоб карда мешавад, ки дар он вақт роҳбари кафедра проф. Шаферштейн С. А. буд. Дар соли 1953 Г.Е. Левина рисолаи номзадиро ҳимоя мекунад. Мавзуъи рисола: “Вараҷаи коматозӣ дар кӯдакон” буд, ки дар он давра аҳамияти баланди илмии амалӣ дошт. Ин якумин кори илмии соҳаи педиатрия буд, ки дар Тоҷикистон ҳимоя шуд.
Аввалин ассистентҳои кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона Кабулова С. М., Муҳаммадиева М. Ш. ва Россовская Т. Л. буданд. Аз тарафи Г. Е. Левина зиёда 50 корҳои илмӣ чоп шуд, ки ба масъалаҳои долзарби педиатрия бахшида шуда буд. Таҳти роҳбарии ӯ 6 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. Ӯ шӯъбаи гематологӣ кушода аввалин шуда анемияҳои гемолитикиро ташхис мемонд. Г. Е. Левина арбоби фаъоли ҷамияти ҳам буд: дар давоми чандин солҳо намояндаи ноҳиявӣ ва шаҳри, аз соли 1963 раиси ҷамияти педиатрони Тоҷикистон шуда кор кардааст. Г. Е. Левина дорандаи ду медал, грамотаҳои фахрии шӯрои олии РСС Тоҷикистон аълочии соҳаи тандурустии (СССР) ва духтури хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон.
Аз соли 1969 то 1974 мудири кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона дар ӯҳдаи н.и.т. дотсент Кабулова С. М. буд. Мавзӯи рисолаи номзади Кабулова С. М. ба хусусиятҳои раванди гломерулонефрит дар кӯдакони синни бармаҳал дар шароити гарми Тоҷикистон бахшида шуда буд (1968с). Пойгоҳи кафедра БКБ №2 ба 120 кат буд. Коллективи кафедрае, ки аз 4 нафар иборат буд якҷоя бо кори педагогӣ мунтазам кӯмаки консултативи (машварати) ба пойгоҳ, поликлиникаҳои ш. Душанбе ва вилояти Кӯлоб мерасониданд. Кори илмии кафедра таҳти роҳбари Кабулова С.М. ба озмоиши клиникӣ, табобат ва пешгирии сирояти стафилакоккии кӯдакони синни бармаҳал бахшида шуда буд. Омӯхтани ин масъала бо ҳимояи рисолаи номзадии Абдураҳмонова М. В. анҷом ёфт, ки ҳамаи фаъолияти меҳнатии худро ба кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона бахшида буд. Кормандони кафедра Умарова М. У., Сангинова А. М. ва Абдураҳмонова М.В. – аз рӯзи асосёбии кафедра кор карданд. Г. Е. Левина, Кабулова С. М. – ро ҳамчун инсони кордон бо ақли расо ёрдамчи ва такягоҳ таъриф медод.
Аз соли 1974 – 1977 роҳбари кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаро д.и.т. профессор Красногорский Николай Николаевич ба ӯҳда гирифт. Дар зимни фаъолияти худ вай беҳ гардондани кори таълимӣ ва илмии – тадқиқотиро давом дод.
Аз соли 1977 то 1983 сол мудири кафедра н.и.т дотсент Сангинова Александра Ивановна шуд. Дар солҳои фаъолияти ӯ кафедра аз пойгоҳи БКБ №2 ба пойгоҳи БКБ №1 гузашт. Миқдори кормандони кафедра то 9 нафар афзуд, чандин дастурҳои методи ва маводҳои дарси тайёр карда шуд. Кафедра сарбории 3 поликлиника, хонаи кӯдаконаи №2, 3 ноҳияи вилояти Ленинободро ба ӯҳда дошт. Кори илмии – тадқиқоти кафедра ба омӯхтани ҳолати саломатии кӯдакони синни томактаби равон карда шуда буд.
Аз соли 1983 то 1998 мудири кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона шуда д.и.т проф Вялушкин Борис Яковлевич таъин шуданд, ки барои ин кор аз Москови ПИТ педиатрияи РАМН равон карда буданд. Дар солҳои фаъолияти ӯ корҳои илмии – тадқиқоти кафедра ба масъалаҳои кӯдакони тез – тез бемор шаванда, норасогии музмини ғизо, бемориҳои шуши бронхҳо ва хусусиятҳои минтақавии рахит бахшида шуда буд. Бо иқдоми проф Вялушкин Борис Яковлевич дар пажуҳишгоҳи илмии – тадқиқотии тибби профилактикии ВТ ТҶ шӯъбаи имунологӣ таъсис дода шуд. Таҳти роҳбарии проф Вялушкин Борис Яковлевич 13 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи доктори (Азизов А. А, Умарова З.К, Шиголев В.В) ҳимоя карда шуд. Дар таҳияи проф Вялушкин Борис Яковлевич китоби таълимии Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона барои донишҷӯёни курси 3-юм, дастурҳои методӣ ва монография нашр карда шуд.
Аз моҳи январи соли 1995 кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона аз пойгоҳи БКБ №1 ба БКБ №2 ш.Душанбе гузаронида бо кафедраи педиатрияи факултети иттиҳод шуд. Дар соли 1997 бо сабаби барҳам додани факултети муолиҷавӣ кафедраи педиатрия факултети барҳам хурда аз ҳамон сол ин ҷониб дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона фаъолият дорад. Д.и.т. Азизов Азим Азизович дар солҳои 1998 то 2010 мудири кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона шуда фаъолият бурд. Соли 2000 Азизов А. А кори илмии худро дар мавзӯи : “Гастродуоденитҳои музмин ва бемории захм дар кӯдакони Тоҷикистон” анҷом дода бо муваффақият рисолаи докториро ҳимоя кард. Аз тарафи Азизов А. А зиёда аз 100 корҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ бо забонҳои русӣ ва давлатӣ дар чунин мавзуъҳои муҳими педиатрия : баҳодиҳии сифати ҳаёти кӯдакони бемори пиелонефри патологии системаи ҳозима ва системаи нафаскашӣ, хусусиятҳои раванди бемориҳои системаи пешоббарори кӯдакон чоп шудааст. Бо роҳбари Азизов А. А як рисолаи доктори ва ду рисолаи номзади ва чор дастурамали соҳаи педиатрия бо муваффақият ҳимоя шуда барои кормандони тиб ва донишҷӯён нашр шудааст. Зимни фаъолияти мудирии Азизов А.А коллективи кафедра аз 2 доктори илм, 3 номзади илм ва 5 ассистент иборат буд.
Дар солҳои ҳастии кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона зиёда аз 600 корҳои илмӣ нашр карда шуд. Дар давраи корӣ Азизов А. А баланд шудани сатҳи корҳои таълими-тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ мушаххас гардида, худи ӯ дар роҳи омода кардани кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда гузошт.
Аз соли 2010 то замони кунун мудири кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона шуда н.и.т дотсент Бабаева Лола Абдунаимовна кор мекунад, ки соли 1996 дар мавзӯи: “ Омилҳои хатар ва хусусиятҳои раванди пиелонефрити калкулёзӣ дар кӯдакон” ҳимоя кард.
Бабаева Л. А. муаллифи 190 корҳои илми, аз он ҷумла як китоби дарсӣ, 10 дастури таълимӣ, 40 дастурамалҳои методӣ ва 3 протоколи клиникӣ мебошад, ки дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шудааст.
Дар марҳилаи ҳозира дар кафедра 17 корманд кор мекунанд: Бабаева Л. А – мудири кафедра, Якубова З. Х – профессори кафедра, Рахмонова Г. А – дотсенти кафедра, Абдуллоева Н.А - и/в дотсент, Ҳайдарова О. Ф –н.и.т., муаллими калон, Ходжаева О.Т.– муаллими калон, ассистентҳои кафедра –Кадирова М.Р., Бобоева Х.А., Хомитова М.А., Рахимов Т.И., Астанақулов С.Р., Касимова П.В., Раҳматуллоева М.А, Муродова Ф.С., Мирзоева Ш.С., 2 нафар ҳамкор – Рабиева М.С. ва Нагзибекова Д.Д.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php