Корҳои илмӣ


Дараҷанокии кормандони кафедра 50% мебошад. Самти фаъолияти илмии кафедра «Оптимизация хирургических способов лечения приобретенных и врожденных дефектов и деформаций челюстно-лицевой области» мебошад. Кори илмии мазкур дар якҷоягӣ бо кафедраҳои бемориҳои дарунӣ, педиатрия, онкология, МТИДДТТ, ОМИТ гузаронида мешавад. Дар кафедра 1 рисолаи номзадӣ химоя карда мешавад. Ҳоло дар кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй 1 соискатель кори эксперименталӣ бурда истодааст.
Маҳфили илмии донишҷуён дар кафедра. Аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён дар якҷоягӣ бо кормандони кафедра дар коркарди мавзӯи илмии кафедра фаъолона иштирок менамоянд. 2 Донишчуёни курси 5 фаъолона дар олимпидаи байналмиллали, ки дар ш. Казон баргузор гардида буд, фаъолона иштирок намуда ба чои 3 сазовор шуданд. Донишчуён боякчоягии ассистентони кафедра ба амалиётхои таъчили ва накшави иштирок намуда, баъзеяшон ба чаррох ёрдам дода беморро то чавоб додан иштирок мекунанд.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқот мақолаҳои илмӣ,тезисҳо ва презентатсияҳо омода намуда дар конференсияи солонаи олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино инчунин дар форумҳо, олимпиадахои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар ширкат меварзанд. Ҳамкориҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ. Кормандони кафедра бо Пажуҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва ортопедии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҶТ, инчунин бо клиникаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва кафедраи стоматологияи ҷаррохи факултети тиббии донишгоҳи ба номи Гёте-и ш. Франкфурти соҳили майни Олмон ҳамкорӣ бо донишкадаи стоматология ш.Самара, Казань, Оренбург, Томск доранд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php