Дастовардҳои кафедра


Мукофотҳои кормандони кафедра
Профессори кафедра Б.А.Ишанқулова барои фаъолона тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва дастовардҳои илмӣ бо мукофоти давлатии «Зан- тадқиқотчӣ» (соли 2003 ), медали «10- солагии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ» ва медали «Шафқат» (соли 2011) сарфароз гардонида шуда, ба унвони « Аълочии тандурустии ҶТ» (соли 1998), «Аълочии маориф» (соли 2009) сарфароз шудааст. Дотсенти кафедра Юлдашева У.П., соли 2010 соҳиби унвони «Омӯзгори сол» гардидааст. Дотсентон Урунова М.В. бо унвони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» ( с. 2015) ва Музафарова М.Ҳ. бо Ифтихорномаи Вазорати Маориф ва илми ҶТ (с. 2019) мукофотонида шудаанд.
Дастовардҳои кафедра
Кормандони кафедра соҳиби 5 Патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 пешниҳоди ратсионалӣ мебошанд: фитопрепаратҳои антидиабетӣ ва шарбатҳосилкунанда – «Юнибет», «Фитобет», «Маранкхуч», «Экстракти моеи ғӯраи ангур», «Экстракти хушки ғӯраи ангур». Кормандони кафедра мунтазам дар барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ оиди мавзуҳои машҳури илмӣ баромад мекунанд. Инчунин дар саҳифаҳои воситаҳои ахбори омма онҳо дар бораи натиҷаи тадқиқотҳои илмиашон оиди омӯзиши гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон мақолаҳо менависанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php