Фирӯзиҳо дар “ЧАКОМАИ ГЕСУ”

Фирӯзиҳо дар “ЧАКОМАИ ГЕСУ”

         Зеби зани тоҷик гесуи дароз аст. Ба қаду қомати зебои зани тоҷик сару либоси миллӣ ҳусни хосае мебахшад. Аз қадимулайём дар байни мардуми тоҷик дар минтақаҳои гуногун дар баробари ба бар кардани либосҳои гуногуни миллӣ, аз ҷумла чакану адрас, алочаю атлас, сатину чити гулдор, ба бофтани мӯй, ба монанди панҷакбофӣ, хомбофт, чилкокул, майдабофии якқабата ва дуқабата, дукокула диққати ҷиддӣ дода мешуд. Барои озор надодани пӯсти сар ва мӯй занҳо аз шонаҳои маҳаллии чӯбин, барои рост кардани мӯй дар қисмати фарқи сар сихи ҷайра, барои ороиш бошад ҷамолаку кокулҳо истифода бурда мешуданд.

         Дар замони Шӯравӣ буридани мӯй мӯд шуда бошад ҳам, мӯйи дароз хеҷ гоҳ мақому манзалати худро гум намекунад. Дар ҳамин радиф шоири ширинкаломи тоҷик Боқӣ Раҳимзода чунин мисраҳои шеъри худро бо илтиҷо ба занҳои тоҷик бахшидааст:

Илтиҷо дорам, ки мӯятро набур,

Кокулони мушкбӯятро набур.

        20 нафар донишҷӯдухтарони курсҳои 1, 2, 3, 4, ва 5-уми факултети тиббӣ бо сарварии муовинони декани факултет Бурҳонова З.У. ва Ҳоҷимуродова Ф.Т. дар даври ниҳоии озмуни ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” иштироки фаъолона доштанд.

         Чорабинӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №6 баргузор гардид. Донишҷӯдухтарони МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар озмунҳои сарулибоси қадимаи тоҷикӣ, либосҳои арӯсӣ, либосҳои миллии замонавӣ ва машшотагӣ фаъолона иштирок намуда, аз ҷониби ҳакамон қадрдонӣ карда шуданд. Донишҷӯдухтарони курси 2-юми факултети тиббӣ Қосимова Ҷонона дар озмуни арӯсакҳо соҳиби ҷоиза гардида, дар озмуни куртаи чакани замонавӣ бошад, донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Нозирӣ Нозанин соҳиби ҷоиза гашт. Иштирокчиёни ин фестивал-озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”–и Раиси Ноҳияи И.Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

         Бояд қайд намуд, ки   ҳамкориҳои чандинсолаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”–ро ба назар гирифта, барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, аз ҷониби Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба донишгоҳ “Сипоснома” супорида шуд.

 

Декани факултети тиббӣ, профессор Хоҷаева Н.М.

26.02.2021     727

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php