Ҷаласаи Шӯрои олимони факултети фармасевтӣ

Ҷаласаи Шӯрои олимони факултети фармасевтӣ
Санаи 31 –уми марти соли равон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултети фармасевтӣ бо иштироки аъзоёни он, таҳти раисии декани факултет н.и.т., дотсент Юлдашева У.П. баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа ахбори мудири кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ оид ба фаъолияти таълимӣ – методӣ, илмӣ ва тарбиявии кафедра дар соли таҳсили 2019 – 2020 шунида шуд.
Зикр гардид, ки ҷараёни кор дар кафедра дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда шуда, назорати мунтазам аз тарафи садорати факултет ва дигар сохторҳои марбутаи донишгоҳ пурзӯр карда шудааст. Аз ин ҷост, ки дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019 – 2020 сифати таълим аз ҳамаи фанҳое, ки дар кафедра таълим дода мешаванд, дар сатҳи баланд қарор дорад. Новобаста аз мавҷудияти баъзе мушкилиҳо, кафедра тавонистааст, ки ба як қатор дастовардҳои назаррас, махусасан пешрафтҳо дар соҳаи илм ноил гардад.
Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласаи Шӯрои олимон мавриди муҳокима қарор дода шуд ва ба он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид, ин ахбор оиди фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён дар кафедраҳои тахассусӣ ва зертобеи факултети фармасевтӣ мебошад, ки аз тарафи роҳбарони ҶИД – и кафедраҳо пешниҳод гардид. Таъкид гардид, ки дар ҳамаи кафедраҳои тахассусӣ ва тобеъ донишҷӯёни факултет ба таври фаъолона дар соҳаи илм баҳсҳо менамоянд. Хулосаи корҳои илмии анҷомдодаашонро дар шакли мақола ба Конфронси солонаи олимони ҷавон ва донишҷӯёни Доонишгоҳ, ки моҳи апрел баргузор мегардад, пешниҳод намудаанд. Яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва асосие, ки дар ҷаласаи мазкур муҳокима гардид, ин ахбори мудирони кафедраҳои тахассусӣ оиди баанҷомрасии корҳои дипломии донишҷӯён мебошад. Муттассадиён дар навбати худ маълумот доданд, ки ҳамаи рисолаҳои дипломӣ дар арафаи анҷомёбист ва баъди баррасиҳои ниҳоӣ дар кафедраҳо барои ҳимоя пешниҳод карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, имсол 11 нафар донишҷӯёни факултети фармасевтӣ барои навиштани рисолаи дипломӣ ҷалб гардидаанд.
Ғайр аз ин дар ҷаласа дигар масъалаҳои гуногуне низ баррасӣ гардиданд, ки бевосита ба ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти ҳайати омӯзгорону кормандони кафедраҳо дахл доштанд.
Деканати факултети фармасевтӣ
03.04.2020     636

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php