Эълон!!!

Муовинати тарбияи Донишгоҳ бахшида ба ҳафтаи ҷавонон миёни муҳассилин ва омӯзгорону кормандони ҷавони Донишгоҳ озмунҳои «Мақолаи беҳтарин» ва «Иншои беҳтарин»-ро ба роҳ мондааст. Довталабони озмуни «Иншои беҳтарин» ҷиҳати иштирок метавонанд, то санаи 02.05.2024 ба шуъбаи тарбия муроҷиат намоянд.

Озмуни «Мақолаи беҳтарин» то санаи 10.05.2024 идома меёбад. Хоҳишмандон метавонанд, мақолаи худро то санаи мазкур ба шуъбаи тарбия (ошёнаи 3-юм, утоқи 317) пешниҳод намоянд.

Эзоҳ: Ғолибон дар таҷлили ҳафтаи ҷавонон бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Номгӯйи мавзуъҳо барои озмуни дохилидонишгоҳии “Мақолаи беҳтарин” барои омӯзгорону кормандони ҷавон:

1.   Тарбияи ватандӯстии ҷавонон – омили пешрафти ҷомеа;

2.   Пешвои миллат – ифтихори миллат;

3.   Либоси миллӣ – ҷузъи фарҳанги миллат;

4.   Террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад;

5.   Танзим баракати зиндагист;

6.   Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо;

7.   Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – фардои дурахшони кишвар.

 

Номгӯйи мавзуъҳо барои озмуни дохилидонишгоҳии “Мақолаи беҳтарин” барои донишҷӯён:

1.   Об – манбаи ҳаёт;

2.   Пешвои миллат – ифтихори ҷавонон;

3.   Ҷавонон – неруи созанда;

4.   Якҷоя бар зидди терроризм мубориза мебарем;

5.   Амнияти мамлакат – кафили рушди ҷомеа;

6.   Солимии оила – боигарии давлат;

7.   Худшиносии миллӣ – омили шукуфоии Тоҷикистон.

 

Телефон барои маълумот: 900939005


29.04.2024 26

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php