ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН


ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Дигаргуншавии вазъи геополитикии ҷаҳон ба амнияти давлату миллатҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда, барои ҳифзи Истиқлолу озодӣ аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро тақозо мекунад. Таҳлилгарон пешгўи мекунанд, ки хатарноктарин раванд дар шароити кунунӣ терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Таҳаввулоти охир дар воқеияти геополитикии ҷаҳон ба вазъияти дохилии ҳар як давлат таъсири ҷиддӣ мегузорад. Масъалаи асоси тағйир ёфтани авлавиятҳои сиёсӣ ва ба масъалаи рақами як табдил ёфтани суббот ва амнияти давлатҳо мебошад. Давоми солҳои охир хатари терроризму ифротгароӣ бештар гардида, ин вабои аср боиси оқибатҳои даҳшатбор мегардад, ки натиҷаҳои он ба ҳар як нафар маълум аст. Воқеият нишон медиҳад, ки ҳадафи гурўҳҳои иғвоангези террористиву ифротгароӣ, ки рўҳан нафарони носолим мебошанд, аз байн бурдани сулҳу суббот ва пиёда кардани ҳадафҳои ғаразнокашон мебошад. Инро давоми солҳои охир воқеият нишон дод. Тибқи таҳлилҳо агар раванд чунин идома кунад, хатари терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбад. Тоҷикистон аз солҳои аввал дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ дар сафи пеши мубориза қарор дошт. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин василаи тарбияи худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳтиром нисбат ба давлату миллат ва ноил шудан ба дастовардҳо дар зиндагӣ маҳсуб меёбад. Раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ аз хатару таҳдидҳои террорзму ифротгароӣ, аз байн бурдани нооромӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии пурсаодати мардум заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро таъмин намуд. Расидан ба тинҷию оромии комил пешрафти рўзафзуни зиндагиро таъмин кард. Имрўз сокинони сарбаланду саодатманди Тоҷикистон медонанд, ки ҳамаи ин пешрафту шукуфоӣ самараи тинҷию оромии сартосарӣ ва натиҷаи татбиқи сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешрафт, шукуфоӣ, баланд шудани обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ, таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва зиндагии пурсаодати мардум аз шаҳди асосии Истиқлоли давлатӣ ва оромии сартосари мебошад. Расидан ба қадри сулҳу суббот, саҳмгузорӣ дар ободии Тоҷикистони азиз, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат шарти асосии барои доштани зиндагии пурсаодат барои ҳар як тоҷикистонӣ дар оянда ба ҳисоб меравад.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Хадамоти ректори Донишгоҳ

 


02.05.2024 296

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php