ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЛИ 2024 ҲАМЧУН СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОЛГӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ!


ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЛИ 2024 ҲАМЧУН СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОЛГӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ!

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид. Ҳадаф аз қабули ин қарор баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад. Масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ доимо зери таваљљуњи роҳбарияти давлату Њукумати мамлакат ќарор дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 таъкид намуда буданд: «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар намудану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир наоем». Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз 28 декабри соли 2023 ба масоили вазъи экологии мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш доданд, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии ҷумҳуриро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд. Қабул ва дар амал татбиқ намудани чунин барномаи дарозмуҳлат муҳим буда, имконият фароҳам месозад, ки гӯшаву канори мамлакат, хусусан, пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе сабзу гулпӯш ва хурраму зебо гардонида шавад. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ба хотири ҳифзи муҳити табиӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, самарнок истифода бурдани табиат ва дӯст доштани он зарур мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд гушаву диёри Тоҷикистонро мисли хонаву кошонаи худ тозаву озода нигоҳ ва дӯст дорад.

         Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Соли маърифати экологӣ эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе, ки аз дастуру супоришњои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, муҳим ва саривақтӣ буда, ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, аз маърифати экологӣ бархӯрдор шудани аҳолӣ, дар руҳияи маърифати экологӣ таълиму тарбия додани шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон, дӯст доштани табиат ва дар маҷмуъ боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хушнамо гардидани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе равона шудааст.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


02.05.2024 218

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php