ШАРҲИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА


ШАРҲИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА

Сармояи инсонӣ маҷмӯи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсонро меноманд, ки он омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии ҳар давлат ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсон барои он сармоя номида мешаванд, ки онҳо сарчашмаи гирифтани фоида ва таъмини талаботи оянда мебошанд. Таҷрибаи рушди мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон собит месозад, ки инкишофи ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии иқтисодиёт аз самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба рушди сармояи инсонӣ омили муҳими рушди ин кишварҳо маҳсуб меёбад. Давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии худ ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои мухталиф дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат диққати аввалиндараҷа медиҳад. Дар робита ба ин, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сармояи инсонӣ дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушд мавқеи аввалро ишғол намуда, ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат муайян гардидааст. Ҳамчунин, дар ин ҳуҷҷати асосии барномавии рушди мамлакат принсип ва вазифаҳои рушди сармояи инсонӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии кишвар асоснок шудаанд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28-уми декабри соли 2023 чун солҳои қаблӣ ба масъалаи илму маориф ва субъектҳои раванди таълиму тарбия диққати хоса дода шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо, омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи давлату фардои босаодати ҷомеа ҳисобида, ба рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили муҳимму тавонои ташаккулдиҳанда ва ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нави замонавӣ мусоидаткунанда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, ки: «Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд».

Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, пеш аз ҳама, ба дастрасии шароитҳои мусоиди таълиму тарбия ва самарабахшии фаъолияти онҳо, таҳсилоти босифат, боло рафтани сатҳи саводнокӣ, такмили донишу фаҳмиш ва омодагии касбӣ вобастагӣ дошта, омили ташаккули сармояи инсонӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ба ин самт сол ба сол диққат ва ғамхориҳои бештар равона мегардад, ба сифати омодасозии мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳ бештар дода мешавад ва барои рушди сармояи инсонӣ шароити мусоид фароҳам мегардад. Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои муосир мусоидат карда, омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоии ҷомеа, махсусан илму маориф ва фаъолияти самараноки муассисаҳои илмию таълимӣ мебошад. Сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумати мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба ин хотир, Президенти мамлакат Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки шумораи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии кишвар ҳамасола афзоиш ёфта, соли 2023 ба 2 миллиону 600 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба соли 2017 500 ҳазор нафар зиёд мебошад. Мувофиқи пешбиниҳо, ин шумора соли 2025 ба 2 миллиону 700 ҳазор нафар хоҳад расид. Соли 2023 муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро 103 ҳазор нафар хатм кард ва ба синфи 1-ум 261 ҳазор нафар қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, маорифу илм ва соҳаҳои дигари иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат ҷойгоҳ махсус дорад. Тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ давлати мо ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд мебошад. Тоҷикистон дар байни 183 кишвари мавриди омӯзиш қароргирифта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад ё ин ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Аз тамоми шаклҳои сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ муҳимтаринаш ин маблағгузорӣ ба нигаҳдории кадрҳои касбӣ мебошад, яъне, андеша сари он меравад, ки тарбия, таълим, такмилдиҳӣ, бозомӯзӣ, ҳавасмандгардонӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи кадрӣ хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Хусусияти чунин сармоягузориҳо дар он аст, ки ин хароҷот ба таври ғайримустақим дониш ва таҷрибаи одамонро зиёд мекунанд, ба афзоиши ҳосилнокии сармояи дар инсон таҷассумёфта мусоидат мекунанд.

Ҳамин тавр, тағйироти гуногуне, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба миён меоянд, дар чаҳорчӯби рушди устувор бевосита ба сифати сармояи инсонӣ ва самаранокии соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ таъсири бевоситаи худро мегузоранд. Дар ҷаҳони имрӯза, ки иттилоот бо суръат густариш меёбад ва дониш ба унвони яке аз аркони аслии тавсеа шинохта мешавад, нақши сармояи инсонӣ ба унвони муҳимтарин омил дар таъйини ростои пешрафти ҷомеа ба маънои воқеӣ вижатар мешавад. Сармояи инсонӣ дар асри XXI боарзиштарин, болотарин ва бузургтарин дороии ҳар мамлакат маҳсуб мешавад.

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


02.05.2024 208

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php