ЯКУМИ МАЙ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЯКДИЛИИ МЕҲНАТКАШОНИ ҶАҲОН


ЯКУМИ МАЙ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЯКДИЛИИ МЕҲНАТКАШОНИ ҶАҲОН

Рӯзи байналмилалии меҳнаткашони ҷоҳон ҳар сол рӯзи якуми май бо шукуҳу шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Ин ҷашн таърихи аҷибе дорад. Иди байналхалқии меҳнаткашон, рӯзи якдилии коргарони тамоми ҷаҳон, рӯзи азназаргузаронии қувваҳои меҳнаткашони ҳамаи мамлакатҳо дар 142 кишвару мамлакатҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Конгресси 1-уми Интернатсионали 2 моҳи июли 1889 дар Париж ба хотири коргарони Чикаго, ки 1 май 1886 бо талаби рӯзи корӣ Вчюата корпартоӣ карда, ҳангоми намоиши осоишта аз тарафи полиция тирборон шуда буданд, қарор дод ҳар сол 1 май намоиши оммавии меҳнаткашон ташкил карда шавад. Соли 1889 Кунгураи порисии Интернатсионали II дар бораи ҳамасола баргузор кардани намоишҳо дар ин рӯз қарор баровард ва аввалин намоишҳои ҳамраъйии меҳнаткашон соли 1890 дар Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, Амрико, Норвегия, Фаронса, Шветсия ва дигар кишварҳо баргузор шуданд.

Ҳукумати Шӯравӣ аз соли 1917 иди меҳнат ва ҳамраъйии меҳнаткашонро дар саросари Шӯравӣ ба роҳ андохт. Дар Иттиҳоди Шуравӣ тамоми меҳнаткашон дастовардҳои корхонаҳову истесолоти хешро ба намоиш бароварда, роҳпаймойии коллективҳои меҳнатӣ баргузор мегардид.       Инчунин   дар баробари меҳнаткашон тамоми аҳолии мамлакат бо ҳашамати идора ба сайругашт мебаромаданд.

Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон 1 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ё иди баҳору меҳнат таҷлил карда мешавад ва 1 май дар Тоҷикистони Соҳибистиқлол рӯзи истироҳат аст. Агар 1 май ба рӯзи муқаррарии корӣ рост меояд, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯз ба вақти дигар гузаронида намешавад ва мардуми Тоҷикистон як рӯз истироҳат мекунанд. Якуми май ё унвонҳои дигар, аз қабили Рӯзи меҳнат, Рӯзи баҳор, Иди Баҳор ва меҳнат, Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон дар кишвари биҳиштосои мо таҷлил карда мешавад.

Дар ҳолест, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин санаро ба хотири ҳифзи мавқеи меҳнаткашон хос бо шукӯҳ таҷлил мекунанд.

Дар 142 мамлакати ҷаҳон рӯзи 1 май, ҳафтаи аввали моҳи май ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 1 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии коргарон аз ананаҳои давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст, баргузор мегардад.

 

Хусейнова Ш.Д.-ассистенти кафедраи микробиология,

иммунология ва вирусология


01.05.2024 340

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php