МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ КОРРУПСИЯ


МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ КОРРУПСИЯ

Санаи 30-юми апрели соли 2024 дар толори калони Донишгоҳ бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” вохӯрии судманд баргузор гардид.

         Ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ зимни суханронии хеш таъкид доштанд, ки дар баробари таҳдидҳои манфии ҷаҳони муосир коррупсия низ ба масъалаи доғ табдил ёфтааст. Ин падидаи номатлубро бидуни доштани маърифати ҳуқуқӣ решакан намудан ғайри имкон мебошад. Аз ин лиҳоз эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” метавонад дар замири шаҳрвандон муборизаи беамон бурдан ба муқобили ҳар гуна ҷиноятҳоро бедор намояд. Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат низ ба хотири равнақу рушди имрӯзу фардои кишвари маҳбуби мо буда, таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

         Муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия Насрутдинзода Қиёмиддин Шоҳвалӣ диққати иштирокдоронро ба мушкилот ва хатари коррупсия ба рушди давлат ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки танҳо ҳамкории дастаҷамъона метавонад ин падидаи номатлубро аз байн бардорад. Ҳамзамон, зимни баромади хеш номбурда бо факту далелҳои зиёд исбот намуданд, ки коррупсия оқибати хатарнок дошта, ҳатто ба истиқлолият ва нестшавии миллат низ бурда мерасонад. Аз ин лиҳоз даъват ба амал оварданд, ки ҳар як шаҳрванди соҳибхирад бояд бо дарки баланди масъулият ба муқобили коррупсия муборизаи беамон барад. Қишри асосии ояндадори ин ватани аҷдодӣ маҳз ҳамин ҷавонон ҳастанд ва бояд барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбуб аз ҳамин рӯз омода бошанд- илова намуданд Қиёмиддин Шоҳвалӣ.

         Ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, профессор Гулзода М. Қ. кори машварат-вохӯриро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос баён намуданд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


6
5
4
3
2
1
30.04.2024 261

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php