ТАҲКИМ БАХШИДАНИ РОБИТАҲОИ ҲАМКОРӢ АЗ ДӮСТӢ ОҒОЗ МЕЁБАД


ТАҲКИМ БАХШИДАНИ РОБИТАҲОИ ҲАМКОРӢ АЗ ДӮСТӢ ОҒОЗ МЕЁБАД

Имрӯз, 23-юми апрели соли ҷорӣ ректори Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Доктор Воҳид Ҳусейнӣ бо ҳайати ҳамроҳонаш ба МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ташриф оварданд. Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ меҳмонони олиқадрро бо шукӯҳу шаҳомат ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона истиқбол гирифтанд.

Сипас, дар толори Раёсати Донишгоҳ бо иштироки ду ҷониб вохӯрии судманд доир гардид. Ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ меҳмононро хайри мақдам гуфта, бо садоқати самимӣ аз ашъори Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Устод Рудакӣ изҳор доштанд, ки

 

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

 

Роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо изҳори қаноатмандӣ ташрифи роҳбарияти Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерозро марҳилаи нави ҳамкориҳои судманд байни ин ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маънидод намуда, самараи ин фоли некро аз сиёсати оқилонаи роҳбарони ду кишвари дӯст, ҳамзабону ҳамфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи суханронӣ роҳбарияти Донишгоҳ аз кашфиёту ақидаҳои олимони бузурги соҳаи тиб Шайхуррасис Абуалӣ ибни Сино ва Муҳаммад Закариёи Розӣ ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки онҳо фарзандони миллати куҳанбунёди форсу тоҷиканд ва мо аз илми оламшумули аҷдодони хеш ифтихор менамоем.

Зикр гардид, ки ҳоло давраи он фаро расидааст, ки олимону мутаххасисони тоҷику эронӣ дар ҷодаи илму таълим ва муолиҷа муштарак фаъолият намуда, дар минтақа ва ҷаҳон мавқеи кунунии худро ҳифз намуда, ҳамчун ворисони Синои бузург устувор бошанд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки мо як Барномаи муштараки рушди ҳамкориҳои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино ва Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шероз барои 3 соли оянда таҳия ва амалӣ намоем.

Дар барнома самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ, мубодилаи академикиву илмиро марҳила ба марҳила бо нишондодани мақсад ва чорабиниҳо муайян намуда, ба ҳадафҳои олии ҷонибҳо равона созем. Баҳри ин, ташкили гуруҳи кории муштарак вобаста ба таҳияи Барномаро мувофиқи мақсад медонам. Тавре, ки огоҳӣ доред, дар самтҳои афзалиятдоштаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла пайвандсозии узвҳо аллакай олимону коршиносони Донишгоҳи илмҳои тибби Шероз ҳамкориҳои назаррас намуда, муваффаққият ба даст оварданд, ки боиси хушҳолист. Умедворам, ки бо дастгирии Шумо, муҳтарам ректор дар муддати як давраи академӣ то 5 нафар устоди Донишгоҳи илмҳои тибби Шероз дар донишгоҳи мо таълим диҳанд. Ин як барои таҳкими ҳамкориҳо замина мегузорад ва мувофиқи мақсади мо аст.- иброз доштанд, профессор Гулзода М. Қ.

        Доктор Воҳид Ҳусейнӣ-ректори Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шероз аз пазироии самимӣ ба роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино изҳори сипос баён намуда, аз ҳамкориҳои судманд баҳри рушди устувор ва таҳкими дӯстиву бародарӣ изҳори қаноатмандӣ ва боварии комил намуданд.

         Дар анҷом меҳмони олиқадр бо тӯҳфаи хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” қадрдонӣ карда шуд. Меҳмонон бо шароити таълиму тадрис дар Донишгоҳ шиносоӣ пайдо намуда, аз Маркази симулятсиноӣ дидан намуданд. Ба хотири ҳамкории судманд ва эҳтиром ба меҳмоннавозии сатҳи баланд, роҳбарияти Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шероз ва ҳайати ҳамроҳонаш дар дафтари меҳмонони фахрии Донишгоҳ соядаст гузоштанд.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ



13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
23.04.2024 361

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php