ЗАХИРАҲОИ ОБҲОИ МАЪДАНӢ ВА АҲАМИЯТИ ТИББИЮ РЕКРЕАСИОНИИ ОНҲО


ЗАХИРАҲОИ ОБҲОИ МАЪДАНӢ ВА АҲАМИЯТИ ТИББИЮ РЕКРЕАСИОНИИ ОНҲО

Об асту ҳаёт пойдор аст,

Об асту замину кишту кор аст.

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,

Аз ҳастии оби файзбор аст.

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалибни Сино» санаи 19-уми апрели соли 2024 таҳти роҳбарии дотсенти кафедра, н.и.т. Абдуллаева Н.А. ва ассистенти тарбиявӣ Ашурова Н.П. дар мавзӯи: «Захираҳои обҳои маъданва аҳамияти тиббию рекреасионии онҳо» дарси кушод гузаронида шуд, ки дар чорабинӣ кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 1, 2 ва 5-уми курси 3-юми факултетҳои педиатрӣ ва тиббӣ иштирок намудаанд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда пурмазмун пешкаши ҳамагон намудаанд.

          Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

   Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

    Тоҷикистон аз обҳои гуногуни маъданӣ бой аст. Дар инҷо гурӯҳҳои обҳои маъданӣ маъмуланд, ки бо ҷузъҳои хоси кислотаи карбонат, сулфиди гидроген, йод-бром, кремний, радон ва аз ҷиҳати минерализатсия аз намакҳои тару тоза то намакҳои қавфарқ мекунанд; аз рӯи таркиби газ-гази карбон, сулфиди гидроген, нитроген, метан; Ҳарорат аз хунук то хеле гарм аст.

Захираҳои об дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Ин пеш аз ҳама дар он аст, ки мамлакат захираҳои хеле калони оби тоза дорад. Ҳоло об ҳамчун манъбаи асосии энергияи ҷумҳури хизмат мекунад-зиёда аз 95 % қувваи электри ҷумҳуриро стансияиҳои электрикии обҳосил мекунанд.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


22.04.2024 298

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php