ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ 1-УМ ВА ОҒОЗИ ДАВРИ ФИНАЛИИ II ОЛИМПИАДАИ “АВИЦЕННА-2024” БО ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР МДТ «ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО»


ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ 1-УМ ВА ОҒОЗИ ДАВРИ ФИНАЛИИ II ОЛИМПИАДАИ “АВИЦЕННА-2024” БО ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР МДТ «ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО»

Аз санаи 03.04.2023 то 09.04.2023 дар МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» даври 1-уми II олимпиадаи “Авиценна-2024” бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ, байни донишҷӯёни макотиби олии тиббӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 700 нафар донишҷӯён аз 27 Донишгоҳ (4 муассисаи ҷумҳурӣ ва 23 муассисаи хориҷӣ), ки аз ин шумора зиёд аз 400 нафар тариқи онлайн ва 300 нафар тарқи оффлайн иштирок мекунанд.

Олимпиада бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, малакаҳои амалӣ, таҳкими неъруи зеҳнии донишҷӯён, рушди потенсиали касбию педагогии омӯзгорони Донишгоҳ ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиҷ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 ва рӯзи илми тоҷик баргузор гардонида шуд.

Олимпиада аз рӯи 2 номинатсия: тиббӣ - назариявӣ ва клиникӣ, ки 25 номгӯи фанҳоро дар бар мегирад ва бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, инчунин бо тарқи онлайн ва оффлайн баргузор гардонида шуд.

Руйхати номинатсия ва номгӯи фанҳои II олимпиадаи “Авиценна-2024” бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ

Номинатсия

Номгӯи фанҳо

1.       

Номинатсияи тиббӣ-назариявӣ

Алқонун фи-т-тиб

2.       

Химия

3.       

Биология ва экология

4.       

Физика ва математика

5.       

Анатомияи нормалӣ

6.       

Гистология

7.       

Биохимия

8.       

Физиологияи нормалӣ

9.       

Физиологияи патологӣ

10.  

Анатомияи патологӣ

11.  

Микробиология

12.  

Беҳдошти умумӣ

13.  

Эпидемиология

14.  

Фармакология

15.  

Номинатсияи клиникӣ

Қисми терапевтӣ

Бемориҳои дарунӣ

16.  

Бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои сироятии кӯдакона

17.  

Бемориҳои кӯдакона

18.  

Асабшиносӣ

19.  

Эндокринология

20.  

Қисми ҷарроҳӣ

Бемориҳои ҷарроҳӣ

21.  

Ҷарроҳии умумӣ

22.  

Офталмология

23.  

Оториноларингология

24.  

Урология

25.  

Акушерӣ ва гинекология

 

Вобаста ба ҷадвали тасдиқ гардида дар рӯзҳои 3-юм то 9-уми апрели соли 2024 даври якуми олимпиада тариқи онлайн (дар сомонаи олимпиада) ва оффлайн (дар толори электронии китобхонаи Донишгоҳ) аз ҳамаи фанҳои дарболо зикр гардида, баргузор гардид. Дар он зиёда аз 700 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои дар боло зикр шуда, тариқи онлайн ва оффлайн фаъолона иштирок варзиданд.

Дар даври 1-уми олимпиада барои донишҷӯён тарқи онлайн 30 саволи тестӣ (30 дақиқа вақт барои иҷро), ки барои ҳар як саволи тестӣ 2 хол ба тарқи автоматикӣ баҳогузорӣ карда, ҳамчунин ба иштирокчӣ баъд супоридани даври 1-ум дар равзанаи компютер холҳои бадастомадаашро нишон дода шуд, ки ин яке аз шаффофияти гузариши олимпиадаро таъмин мекунад.

Барои иштирокчиёни оффлайн 25 саволи тестӣ, ки ба ҳар як савол 2 хол ва 2 саволи пӯшида, ки ба ҳар як савол то 10 хол аъзои ҳакамон баҳогузорӣ кардаанд.

Вобаста ба холҳои бадастомадаи иштирокчиён аз ҳар як фан то 11 нафар аз беҳтаринҳо ба даври финалӣ роҳхат ёфтанд. Даври финалӣ дар санаҳои 15-ум то 20-уми апрели соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маълумоти бештар дар сомонаи олимпиада: https://sites.google.com/view/olimpiada-avicenna-2024-tj

 

 

Кумитаи тадорукоти

II олимпиадаи “Авиценна-2024”

бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ

 


22.04.2024 303

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php