ТОЗАГӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ИМРӮЗА


    ТОЗАГӢ  ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ИМРӮЗА

Тавре аз гузориши рӯзмарраи расонаҳо бармеояд, олудашавии обу хоку ҳаво дар айни замон ба як масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар маҷмуъ ба сурати «харобии муҳити зист» ё «табоҳшавии экология» дар зеҳнҳо бозтоб худро додааст. Мавзуи мазкур зоҳиран сода намояд ҳам, амалан ба ин содагиҳо нест ва сайёраи мо-Замин гӯё ба озмоиш гирифтани барзахи ҳаёту мамотро пеши рӯй дорад. Рӯй задани бемориҳои тоза ба тозаи сироятӣ, ҷавоншавии иллату бемориҳои мавҷуда, нотавонии организми инсони муосир дар баробари фишори омилу ангезаҳои беморизо ва ба ин далел авҷи тоза касб кардани амрози аллергологӣ, ба гунаи бесобиқа доман паҳн кардани иллатҳои саратонӣ, кӯтоҳтар шудани тӯли умри инсон дар қаламрави кишварҳои ҷудогона, дучанд гаштани нобудии намудҳои нав ба нави биологӣ ва амсоли инҳо гувоҳи рӯшани иддаои мо мебошанд.   

         Мавзуи мазкур аз равзанаи диди роҳбарони Ҳукумати Тоҷикистон ҳам берун намонда, онҳо пайваста бо доир намудани нишасту ҳамоишҳои гуногуни минтақавию фароминтақавӣ дар қаламрави кишвар, мусоид сохтани ҷанбаҳои муқаддамотӣ ва қонунӣ дар ин замина, дареғ наварзидан аз пардохти ҳазинаҳои ҳангуфт ба хотири ҳалли буҳрони мавриди назар, то марзи СММ кашонидани бахшҳои ҷудогонаи масъалаи ёдшуда ва ғайра омодагии ҷиддии хешро дар ин росто ба намоиш мегузоранд. Албатта, зимни як суҳбати кӯтоҳу саридастӣ ба ҳамаи паҳлуҳои мавзуи мазкур пардохтан аз имкон берун менамояд ва мо ба хотири дурӣ ҷустан аз пургӯӣ танҳо ба як гӯшаи он-покию тозагии муҳити хонаводагию иҷтимоӣ бастагӣ рӯшанӣ андохтанием, зеро зимни Паёми вопасини Сарвари давлат (ба таърихи 22-юми декабри соли 2023) омадааст, ки «… тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем…».

         Як сабаби олудагии муҳити зист ба маснуоту маҳсулоти кимиёвӣ бештар руҷуъ кардани инсоният аст, ки сабабашро бояд дар коҳиши захираҳои табии маводи гуногун ҷӯё шуд. Тибқи иттилои расонаҳо, ҳоло метавон зарфҳои полиэтилиниро бароҳатӣ дар оби уқёнусҳо ба мушоҳида гирифт. Дар гӯшаҳое аз ҷаҳони муосир ба сабаби обёрии нодуруст замин шӯра баста, аз ҳосил мемонад. Дар баъзе қитъаҳои ба ихтиёри хориҷиҳо вогузоршудаи курраи Замин бо гузашти муддати муайян аслан ягон гиёҳ намерӯяд, ҷангалзорҳо бераҳмона ва бе дар назар гирифтани принсипҳои экологӣбурида шуда, шинондани ниҳоли ҷойгузин ба ёди хеҷ кас намерасад. Яке аз қудратҳои тавонманди минтақа-Эрон ҳатто ба хатари биёбоншавӣ рӯ ба рӯ гашта, солона чандин ҳазор гектар замини сабзу хуррамро аз даст медиҳад.

         Дар шароити Тоҷикистон то чанд соли пеш хатари хокбориш фақат ба водиҳо асаргузор воқеъ мешуд, аммо акнун ноҳияҳои кӯҳистон ҳам дар ҳоли панҷа нарм кардан бо ин мушкиланд.

         Тибқи шаҳодати фарҳангсолори фарҳехтаи тоҷик М. Шакурӣ, тақрибан 80-90 соли пеш дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе оби зулол ҷорӣ шуда, мардум бе ҳеҷ дудилагӣ онро меошомиданд. Акнун чӣ? «Фазилат», «идрок», «имондорӣ», «маърифати пизишкӣ» ва «ҳаммият»-и бархе аз ҳамдиёрони мо то ҳадде расидааст, ки пасобаи ҳоҷатхонаю дастшӯйҳояшонро ба ҷониби рӯду наҳрҳо равон кардаанд, аз ҷӯйҳое, ки ба канали оби ошомидании шаҳр мунтаҳист, гоҳ-гоҳ хуни чорвои забҳшуда ба дид меояд, ҳамчунин соҳибони худравҳои шахсӣбо маводи заҳрогин мошинҳои худро мешӯянд ва ин ҳама пасоба ба канале мерезад, ки обрасонии нисфе аз бошандагони шаҳри Душанбе ба он рабт дорад.

         Муносибати ҳамдиёрони мо ба муҳити зист бахши кӯчаке аз ин мавзуъ ба ҳисоб рафта, шолуда ва полудаи нигоштаи рӯйи дастро ташкил хоҳад дод. Бор-бор мушоҳида кардаем, ки инсонҳои ҷудогона дар кӯчаю барзан бе ҳеҷ андеша партовҳоро ба чор тараф ҳаво медиҳанд. Чанде пеш дар рӯ ба рӯйи бинои Иттифоқи нависандагон худраве дар канори роҳ истод. Аз даруни мошин зани аврупоипӯши маҳаллӣ, ки гунаҳои барҷаста ва чашмони нимроғе дошт, дар даст як халтаи селофании пур аз партовро ба ҷӯйбори беоби канори роҳ ҳаво дод ва дубора бо сад нозу ишва ба ҷойи худ рафту нишаст. Чавонзан бо вуҷуди фарбеҳ буданаш либоси хеле танг ба бар карда, мӯяш кӯтоҳу мураттаб ва муҷалло ба назар расида, нақши дасти машшотаи чирадастеро дар зеҳнҳо шуълавар сохтан дошт, пас аз ҳар ҳаракаташ бӯйи тези атри гаронбаҳои фарангӣгӯё оташи шавқу рағбати раҳгузаронро бармеангехт ва лабҳояш—шояд бар асари ҷарроҳии пластикӣ бошад,—дамидаву чаппагардон буданд. Назди истгоҳ-дар чандметрии ҷавонзан,—ду зуболадони тақрибан холӣ ҳам вуҷуд дошт. Зимни чунин ҳолатҳост, ки кас мехоҳад ба муртафеътарин ситеғи кӯҳ боло шавад ва аз ҳанҷараи поки устод Лоиқ садо дардиҳад: «Эй вой бар мо, эй вой бар ман!». Чӣ қадар зишт аст дидани саҳнаи ҳавсаласӯзе, ки зимни он як инсон бо доштани ҷаҳони ботинии харобтар аз сураташ боз дар пайравӣ аз мақоли «болои сӯхта намакоб» нозу ишваро ба чапу рост фурӯшад. Чунон ки Мавлавӣ мефармояд:

Зишт бошад чашми нобинову боз,

                                    Зишт бошад рӯйи нозебову ноз.

Манзараи ҳамгуни ногуворро сари ҳар қадам дучор омадан мумкин аст. Ба маҳзи вориди нақлиёти шаҳрӣ шудан хоҳед дид, ки бархе аз мусофирон бепарвоёна пасмондаи хӯрок, коғазпора ё ҳар чизи дигареро ба фарши воситаи нақлиёт ва ё аз тирезаи он ба берун ҳаво медиҳанд…

*********

Вопаснигарӣ. Акнун ба таърихчаи андӯхтаю омӯзаҳои пешиниён хоҳем пардохт, ки дар кадом поя қарор доштанд. Оё медонед, ки дар матну батни «Авасто» перомуни баҳси софию покии муҳити зист чӣ ҳарфу ҳадисе вуҷуд дорад? Ба эътирофи донишмандони ойини зардуштӣ, аз рӯзгорони пешин то кунун пайравони ин мазҳаб ба ҷаҳони халқшуда бо диди эҳтиром менигаранд, ки дар остонаи фоҷиаи экологӣ як падидаи қобили қадр аст. Бино ба фармудаи доктор Ҳомӣ Дҳала, ҳар як пайрави имрӯзаи ойини зардуштӣ ба фалокатҳои табиӣ, хосатан ба оташ бо диди эҳтиром менигарад. Ӯ зимни ибодати рӯзмарраи худ зебоӣ ва бузургии табиатро ба ёд супурда, зимнан аз тариқи табиат ба Худо рӯй меорад. Дар матнҳои авастоӣ як навъ эҳтиром дар баробари замин, ҳаво, об, ҳатто нисбат ба ҳаёти наботот баён шудааст. Чун ба кӯдаки зардуштӣ ҳанӯз аз авони хурдсолӣ арҷ гузоштан дар баробари табиат талқин мегардад, ба ин далел яқин дорад, ки кадом ниёишҳо фалокати табииро хунсо хоҳанд кард.

Яке аз ниёишҳои рӯзмарра ба чор самту сӯйи ҷуғрофиёӣ огешӣ дорад. Зардуштиён бо дидаи қадрдонӣ ба ҳар сӯйи дунё рӯйи ниёиш оварда, медонанд, ки ҳузури Аҳурамаздо эҳтимолан ба ҳамаи гӯшаҳо расиданист. Ниёиши рӯзмарраи дигар неруеро хоҳад сутуд, ки саропои заминро фаро гирифта, дониши моро перомуни ангезаҳои ранҷу хушӣ афзунӣ мебахшад. Об аз дидгоҳи ин мардум муқаддас буда, матнҳои китоби Авесто дастурҳои густардаеро барои ҳифзи софию покии он ба ниёишкунандагон вогузор хоҳанд кард. Зимни матни дигар ин нукта ба таъйид расида, ки иззату эҳтироми неруи нуҳуфта дар ҷонварону инсонҳо ҳатмӣ буда, ғамхорӣ кардан аз бобати ҳайвонҳо ва хӯрондани бахше аз онҳо, ки дар кори кишоварзӣ ба инсон ёрӣ расонда, қисман ҷузъи ғизои ӯро ташкил додаанд, як амри муқаддас ба ҳисоб хоҳад рафт. Сипосгузорӣ дар баробари армуғони рустаниҳои дармонӣ зуд-зуд ёдрас гашта, зимни як ниёиши дигар инсони намозгузор аз рустаниҳои ёдшуда ба хотири зиёни ба соқу танаи онон расонидааш пӯзиш мехоҳад. Дар чаҳорчӯби чанд ниёиши дигар перомуни покии боду ҳаво сухан дар миён оварда шудааст. Ҳаройина, саропои Авесто ба зардуштиён ин нуктаро ёдрас мекунад, ки онон бояд бо камоли эҳтиёт ба табиати зинда муносибат кунанд ва худи ниёишҳои муқаддас, тавре ки аз рӯйи арзёбиҳо дармёбем, ҳомили неруи пуртавоне дониста шудаанд, ки қодир ба поксозии заминанд. Аз нуқтаи назари амалӣбошад, чизи дархӯри андеша дар ойини зардуштӣон аст, ки ҳар гараванда на ин ки фақат неку некукор рӯй саҳнаи зиндагии иҷтимоӣпадид ояду бас, балки боз бо тамоми ҳастӣ алайҳи бадӣ даст ба қиёму пайкор занад.

Муруре ба ойини поки муҳаммадӣ фармудаҳои аз ин бештареро ба ихтиёри мо вогузор хоҳад намуд, ки ба сабаби тангии фурсат ва огоҳии бештари ҳамватанони мо аз ислом танҳо бо овардани як мисол кифоят мекунем. Ҳар намозгузор рӯзе бояд панҷ маротиба барои адои намоз вузу бигирад, ки покии қалбу ботинро ҳам ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва тозаву озодагии сарулибос, ҳамчунин ҷойи намозгузорӣ гӯшаи дигаре аз ин фазои дилангез аст…

*********

Гурӯҳе аз олимони амрикоӣтаҳти сарварии Элиз Кирдокафф – донишманди вобаста ба генетикаи популятсионӣ(аз донишгоҳи Калифорния, воқеъ дар шаҳри Берклий) бар пояи таҳлили 1000 геном ба ин натиҷа расидаанд, ки сеяки намояндагони бахши кишоварзии Ҳинд марбути Саразм буда, тақрибан 3,5-4 ҳазор сол пеш аз мелод ба ин мавзеъ қадам ниҳодаанд. Ба сурати куллӣадибу донишманди тоҷик М. Ҳотам чунин андешаро пеш мениҳад, ки ориёиҳо шояд аз тамоми гӯшаю канорҳои Осиёи Миёна корвони маҳмилбастагонро ба ин макони нав ҳамроҳӣ карда бошанд. Ҳамин тариқ, ДНК-и куҳани марбут ба сокинони Эрони Бостон оғози геноми аҳолии Ҳинди Бостонро ташкил додааст. Агар ба асоси фарзу гумонҳо ин ёфтаи навтаринро дар мизони ба ду бахш ҷудошавии гурӯҳи ҳиндуориёиҳо гузорем, пас, санаи ҳиҷрати нахустини ориёиҳо ба нимҷазираи Ҳинд бояд шаш ҳазор соли пеш сурат гирифта бошад, ҳарчанд то ин дам дар сарчашмаҳои илмӣҳиҷрати нахустинашонро чор ҳазор соли пеш тахмин мезаданд. То ҷое ки сарчашмаҳои илмӣгувоҳӣмедиҳанд, ҳиҷрати ориёиҳо ба туфайли ду мавҷи бузург сурати амалиро ба худ гирифта буд.

         Кашфиёти ёдшуда сафҳаи тозаеро дар таърихи мардумони эронитабор боз хоҳад намуд, зеро дар «Маҳабҳарата» 100 насли шоҳоне зикр ёфтааст, ки пеш аз ҳиҷраташон ба Ҳинд дар бахшҳои шарқии Осиёи Миёна зимоми ҳокимиятро дар даст доштаанд. М. Ҳотам бар ин нукта исрор дорад, ки агар ба асоси фарз муддати ҳукумати ҳар сулоларо 30 сол гумон кунем, он гоҳ тӯли замонии ҳукмронияшон то се ҳазор сол ба тӯл хоҳад анҷомид, ки бо иловаи шаш ҳазор соли пасин дар маҷмуъ даврони фарҳангу тамаддуни мо ба 9 ҳазор сол дакка хоҳад хӯрд. Ба ин далел метавон гуфт, ки таърихи забони тоҷикӣ, муқоисаи типологии он бо забонҳои даврони ориёӣ, инчунин дар маҷмуъ таърихи фарҳангу тамаддуни эронитаборон на аз «Авесто», балки бояд—бар пояи таъкиди М. Ҳотам,—мисли ҳиндуҳо аз «Ригведа», «Пурон»-ҳо, «Маҳабҳарата», «Рамаяна», Стҳананг Сутра», «Шримад», «Шримад Бҳагаватам» ва осори аз ин даст ба доираи баҳсу баррасӣ кашида шавад. Овардани ин баҳси тӯлонӣперомуни таърихи ақвому забоннҳои эронӣ, ки зоҳиран бо мавзуи асосии ин нигошта гӯё гиреҳ намехӯрад, танҳо ба хотири худнамоӣё фазилатфурӯшӣ нест, балки ба он далел аст, ки чашми насли ҷавонро ба гузаштаҳои дуру наздик боз карда бошем, зеро пешинаи фарҳангу тамаддуни мо то кунун барои таърихи башар рашкбарангез буда, монои холи зебову ҷоафтодае бар чеҷраи як паричеҳра ба дид меояд. Бо ин ҳол, гузаштаҳо гузашт, вале имрӯз мо дар куҷо қарор дорем? Бо як каломи мухтасар гӯем, мо зоҳиран дар як харобазори бузургӣ, дар як лаҷанзори фақри маънавию ахлоқӣ қарор дорем, зеро аз он ҳама гузаштаҳои пурифтихор кам сабақ мегирем, ҳанӯз ба шинохти ростини сиришту хилқати хеш пай набурдаем, пандномаҳои бешумори пешиниён зиндагии моро ба ҷониби хубӣсавқ намедиҳанд.

*********

Акнун ҳамарӯза чанд тан аз хоҳарону модарон либоси норангӣба бар пайваста шаҳрро тозаю озода мегардонанд, аҳли ин гурӯҳ тақрибан аз соати чори субҳ ба сари кор ҳозир мешаванд. Шояд бархе аз онон дар манзил кӯдаки хурдсол ҳам доранд ва субҳгоҳ лабханду табассумҳои нишотбарангези ҷигарбандҳояшонро ба серӣнамебинанд. Оё барои як модар бардошт кардан дар баробари чунин вазъу ҳоли ноҳинҷор осон аст? Нимашабон аз кӯчаҳои хилвату нимахилват то сари кор шитофтани ин тоифа худ як мушкили дигар аст, ки ин ҳама ташвишу тараддудро дандон рӯйи ҷигар ниҳода, ба худ ҳамвор месозанд.

Гоҳ-гоҳ аз расонаҳои гурӯҳӣ гӯши мо бод меёбад, ки ба ифтихори ҷашнҳои гуногун мақомоти шаҳрдорӣ хошарӯбҳоро бо мукофоти пулию молӣ сарфароз гардондааст. Агар зимоми роҳбарии идороти дахлдор ба ихтиёри банда буд, чунин арҷгузориро зуд-зуд ва бе ҳеҷ далелу баҳона анҷом медодам, зеро афроди ёдшуда аз осебпазиртарин гурӯҳҳои аҳолӣ буда, ягон манбаи дигари даромад надоранд.

Дар муҳити донишгоҳӣ вазъ беҳтар аз ин нест, зеро бар асари бепарвоии мо фаррошон дасти надомат ба сар мезананд, аз оламу одам дилгазону безор мешаванд, аз пешаи худ изҳори пушаймонӣ мекунанд. Баъзан шоҳид мегардем, ки хокрӯбаи синфхонаҳоро бо сатил берун мекашанд; шогирдон гоҳ-ногоҳ пасмондаи хӯрок, пӯшиши маводи хӯрокии бастабандишуда, зарфи обгирии политэлинӣ, пӯсти меваҳои тару хушк, дастпокҳои коғазини намнокро пас аз тоза кардани даст, лабу даҳон, инчунин пойафзол бар рӯйи фарши дарсхона ё даваки миз ба нишони «ёдгор» барои устодони худ хунсардона боқӣ мегузоранд, ҳарчанд дар ҳар синфхона як-як коғаздонӣ вуҷуд дорад. Магар барои як мушт фаррош осон аст ин ҳама таҳқиру тавҳинро таҳаммул кардану фазои покиву сафоро ба вуҷуд овардан?! Дили кас мехоҳад, ки ҳар инсон дар ҷойи як фаррош ягон одами наздики хеш-чун хоҳар, модар, хола, амма, фарзанд, модаркалон ва ғайраро тасаввур кунад. Охир, мо бо ин рафтори худ дар маҷмуъ ба шаъни банӣ башар латма мезанем, ба як инсони хокӣ, ба як бандаи Худо, ба як ҳамватани худ ҷабру зулмро раво медорем. Оё подоши чунин амали носавоб дар ҳар ду дунё домангири мо нахоҳад гашт?! Оё як фаррош дар ин дунё ҳаққу ҳуқуқи дами хуш заданро надорад?! Оё фаррошон аз ҷумлаи бандагони Худой нестанд? Магар софдилона анҷом додани поксозии муҳити кори дахлдор ва кӯю барзан дар рӯзгори мо ҷурму гуноҳ ҳисоб меёбад? Оё замоне фаро хоҳад расид, ки мо-равандагони ҷоддаи илми олӣба қишрҳои поёндасти ҷомеа бо дидаи эътибору эҳтиром нигоҳ карданро ёд гирем? Оё оҳе, ки аз ҷигари тафтаи як фаррош ба фалак меппечад, ба сарнавишти баъдии мо таъсири манфӣнахоҳад расонд?

Абулмаонӣ дар ситоиши инсонҳои хокнишин ва фориғ аз васвасаи ҷоҳу мансаб мефармояд:

Хоксорӣ нест он тухме, ки помолаш кунанд,

Бо заминӣ гар бисозам, осмон хоҳам шудан.

 

Нурмаҳмад Зуҳурӣ-омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ


22.04.2024 271

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php