САБАБУ РЕШАҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТЕМИЗМ ДАР ЧИСТ?


САБАБУ РЕШАҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТЕМИЗМ ДАР ЧИСТ?

Сабабу решаҳои  дар чист ва амилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби  дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст.

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парошонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “мо акнун дар замони хатару таваккал  зиндагӣ дорем”.

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин  падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулапазирӣ гардад.

Сеюм омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом дар байни  мусулмонон роиҷ аст, эҳсоси беадолатиӯӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати дурӯя,  меъёру стандартҳои  мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгарӣ, бадқасдӣ ва ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро “Қуъон”, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният ва адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на бадқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремизм ба терроризм меорад.

Истилоҳи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” маншаъ гирифта, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амамлӣ созанд. Террор кардан- ҷомеаро ба тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни муттафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хурофотпараст ва тундрави дин  ҳанӯз дар давраи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву  афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост.  Сиёсати динии давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он  буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири машҳури К. Маркс “дин барои мардум афюн аст” шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, куҳнапарастӣ, хурофот», аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯйи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Ниязова Наргис Фазлихудоевна-

мудири кафедраи эндокринология н.и.т., дотсент 


22.04.2024 269

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php