ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ -ХАТАРИ ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ҶОМЕА


ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ -ХАТАРИ ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ҶОМЕА

Аз охири асри ХХ инҷониб инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли тероризм ва ифротгароӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ин ба ҳастии оламу одам таҳдид мекунад. Албатта онҳое, ки мегӯянд терроризм ва ифротгароӣ падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хело амиқ мебошанд, зеро касе гуфта наметавонад, ки аввалин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва одамони зиёди бегуноҳро қурбон намоянд.

Аз охири қарни гузашта сар карда то инҷониб амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ бештар хусусияти сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияташон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори ҳаробиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Яъне бо ҳама яроқу аслиҳа ва технологияи нави ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар айни замон, ки ҳама ҷо пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, радикализм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёда сару садоҳоро мешунавем.

Маънои аслии “экстремизм” чист ва он чӣ гуна падида аст?

Экстремизм аз калимаи фаронсавии “extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: “Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад”.

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор омада, ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

 

Ниязова Наргис Фазлихудоевна-

мудири кафедраи эндокринология н.и.т., дотсент


22.04.2024 177

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php