БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ


БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29-уми марти соли 2024, таҳти № 168 ба муносибати Рӯзи Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ баргузор гардид.

Ниммарафони мазкур аз назди шарашараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оғоз гардида, тариқи кӯчаҳои Саъдӣ Шерозӣ-Ҳофизи Шерозӣ то дидбонгоҳи Чорбоғ аз самти хиёбони Рӯдакӣ то Майдони “Дӯстӣ” идома ёфт.

Зиёда аз 500 нафар ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ” бо ифтихори комил ва дарки масъулияти баланд дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳ сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти шаҳрро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар амалӣ намудани ҳар як дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт саҳми аразанда мегузорад.


20.04.2024 367

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php