ТОЗАГӢ БА ХОТИРИ ОБОДИИ ВАТАН


ТОЗАГӢ БА ХОТИРИ ОБОДИИ ВАТАН

Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гӯши Ватан эҳтиром ба миллат ва саломатии ҷомеа мебошад. Ҳар як сокини солификр масъулият дорад, ки дар ободониву кабудзоркунӣ саҳмгузорӣ намояд.

Дар МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” чун анъана давоми ҳафта корҳои кабудзоркунию сарсабзгардони ҷараён гирифта, дар гармхона 10 000 гулҳои мавсимӣ ба қутиҳои алоҳида гузаронида шуданд . Командони хоҷагидорӣ бехи гулу дарахтонро нарм карда, бо нуриҳои минералӣ ва ғизои органикӣ таъмин намуданд. Дар назди биноҳои таълимӣ бо ҷойи гулҳои лола бо гулҳои виола иваз карда шуданд.

Субҳи 20-уми апрел кормандони хоҷагидорӣ гирду атрофи биноҳои таълимӣ, Маркази ташхисию табобат, Маркази таълимию истеҳсолии “Фарматсия ” боғи Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ва кӯчаҳои назди биноҳоро тозаю озода нумуданд.

Қобили зикр аст, ки аҳли Донишгоҳ барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зебову обод нигоҳ доштани табиати биҳиштосои кишвар, пешбурди корҳои ободониву хуррамгардонӣ чораҳои зарурӣ андешида, корбариро дар ин самт густариш медиҳад.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


7
6
5
4
3
2
1
20.04.2024 351

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php