ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ


ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ

Ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедраи фармакология МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар якҷоягӣ бо кафедраи Ташкили кори фармасевтии Донишгоҳи давлатии тибии Самарқанд ба тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид.

Дар ташкилу баргузор намудани ҷамъияти илмии донишҷӯён саҳми Урунова М. В. - н.и.т., дотсент, мудири кафедраи фармакологияи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва ассистент Ҳилолова М.Ҳ. - мутасаддии ҶИД; Базарова Н.С.- доктори phD, дотсент, мудири кафедраи Ташкили кори фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва ассистенти ҳамин кафедра Тогаева Д. А. - мутасаддии ҶИД назаррас мебошад.

Донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ Мулойҷонов Олимҷон дар мавзуи «Таъсири нохуши доруҳо» баромад намуда, оид ба таъсири манфии доруҳо ҳангоми истифодабарӣ дар организми кӯдакон ва калонсолон маъруза намуд.     

        Аз кафедраи ташкили кори фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанд донишҷӯи курси 5-уми факултети фарматсия Нажмиддинов Хусан оид ба мавзуи «Истифодабарии доруҳои зидди сулфа ва балғамрон» маъруза карда, доир ба доруҳое, ки дар Ҷумхурии Узбекистон истеҳсол ва хангоми беморихои узви нафас васеъ тавсия мешаванд маъруза пешниход намуд. Дар охири ин чорабини донишҷӯёни хар ду тараф ба саволхо посух дода, баҳси пурмазмун эҷод намуданд.

Қарор дода шуд, ки дар оянда ин хамкории байналмиллалии байни ду Донишгоҳи бонуфуз идома дода шавад.

Кафедраи фармакология.


20.04.2024 294

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php