ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД


ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Субҳи 18-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ташрифи меҳмони воломақом, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахти маҳбуби кишвар-Душанбешаҳри сарсабз фазои идона дошт. Мардуми меҳмоннавози тоҷик бо самимияти хос ва дар фазои дӯстию ҳамсоядории нек меҳмонони ҳамсоякишварро бо шукӯҳву шаҳомати баланд истиқбол гирифтанд. Маҳз, дар доираи чунин чорабинии сатҳи баланд дар МД “Боғи Ирам” даври ҷамъбастии озмуни “Кадбонуи беҳатрин” баргузор гардид, ки ҳадафи асосии баргузории он ташвиқу тарғиби таъриху фарҳанги бойи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб мерафт. Дар чорабинии мазкур бонувони Донишгоҳ (кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ), таҳти роҳбарии раиси Шӯрои занон ва духтарон Амонова Сабоҳат Бобишоевна, ки ғолиби даври ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни мазкур буданд, бо намоиши дасторхони миллӣ фаъолона ширкат варзиданд. Бонувони моҳир тамоми истеъдоду маҳорати хешро моҳирона пешкаши тамошобинон намуда, исбот намуданд, ки решаи таомҳои миллии аҷдодӣ низ ба умқи таърих рафта мерасад ва дар баробари фарҳанги бойи миллӣ мақоми баландро ҷойгузин аст.

Маҳорати баланди бонувони Донишгоҳ сазовори баҳои баланд гардида, аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолиби даври ҷумҳуриявии дониста шуданд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


7
6
5
4
3
2
1
20.04.2024 289

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php