ТАҚВИЯТИ МАҲОРАТИ КАСБӢ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ КОР


ТАҚВИЯТИ МАҲОРАТИ КАСБӢ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ КОР

Дар шароити тағйирёбии бесобиқаи иқлим сар задани бемориҳои гуногун дар байни аҳолӣ ба мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин масъала бори дигар аз кормандони бахши тандурустӣ тақозо менамояд, ки маҳорати касбии хешро сайқал дода, дар анҷом додани масъулияти нозуки хеш дар байни ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дуру наздик ҳамкории доимӣ ба роҳ монда, бо ҳамин васила дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушд додани маҳорати касбӣ нақши арзанда дорад.

Дар доираи чунин ҳамкориҳои судманд дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ конференсияи илмӣ – амалии маҷозӣ (онлайн) байни кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 3-и Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 2-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар мавзуи “Бемориҳои ғайрисироятӣ ва ҳомиладорӣ” доир гардид.

Конференсияи мазкур таҳти роҳбарии мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, номзади илмҳои тиб Қоимдодова Б. Қ. ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 3-и Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд номзади илмҳои тиб, дотсент Шавази Н. Н. дар сатҳи баланд баргузор гардида, олимони ҳар ду ҷониб бо мавзуъҳои мубрам суханронӣ намуданд. Дар охири кори конференсия табодули афкор сурат гирифт ва қарор дода шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо дар ин самт густариш хоҳанд ёфт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


20.04.2024 306

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php